Академик Талбак Назаров. Роҳи ноҳамвор ва пурифтихори пири сиёсат ва дипломатияи тоҷик

Имрӯз сиёсатмадор ва дипломати тоҷик Талбак Назаров зодрӯз дорад. ба ин муносибат дар зер суҳбати Одил Нозирро бо эшон пешкаш мекунем.

Пири сиёсат, дипломатия ва яке аз олимони саршиноси кишвар, академик Талбак Назарович Назаров – узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» 80- сола шуданд. Талбак Назарович аз ҷумлаи он сиёсатмадоронест, ки пас аз канор рафтан аз майдони сиёсати бузург низ ҳамеша дар мадди назари ҷомеа қарор дорад ва ҳамчун сиёсатмадори муваффақ ва некном аз ӯ ном бурда мешавад…

Ятимӣ

Соли 2008 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба академики тоҷик Талбак Назаров нишони ифтихории «50 – солагии азхудкунии заминҳои бекорхобида»-ро эъто намуд. Он замон бисёриҳо дар ҳайрат монданд, ки олими тоҷик ба азхудкунии заминҳои дашти қазоқ чӣ алоқа дорад?  Аммо агар жарфтар ба роҳи тайкардаи зиндагии  Талбак Назарович назар андозем, фаъолияти кории ӯ аз меҳнат ва машаққат оғоз шудааст. Маҳз меҳнат ва талошҳои шабонарӯзӣ боис шуданд, ки ӯ ҳамчун шахсият шакл гирифта, ба дараҷаҳои баланд бирасад.

 Талбак Назаров дар яке аз деҳаҳои собиқ райони Кангурти вилояти Кӯлоб, ки баъдан зери обанбори Норак мемонад, валодат ёфтааст. Дар сесолагӣ аз модар ва ҳангоми таҳсил дар синфи шашум аз падар маҳрум шуда, муддате дар тарбияи амакаш Файз, ки дар ноҳияи Фархор мезист, монд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва орзуи муаллим шуданро дар қалбаш мепарварид. Бо ҳамин ният роҳи Сталинободро пеш гирифт. Худи Талбак Назарович дафтари хотироти худро чунин варақ мезанад: «Вақте ба Сталинобод омадам, тасодуфе рух дод. Рӯзе дар назди Техникуми молия ва қарз меистодам, ки марди ношиносе наздам омад ва ҳадафамро пурсид. Чун донист, ки барои таҳсил омадаам, пешниҳод кард, ки дар ҳамин техникум ҳуҷҷат супорам. Мани 15 -сола ҳам посухи мусбат дода, ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод кардам. Чун диданд, ки ҳамаи баҳоҳои ман аъло аст, маро ба техникум қабул карданд».

Тӯли 3 соли таҳсил дар ин техникум Талбаки наврас ба ҷавони боандеша ва дар бораи зиндагии худ ба ҷиддият фикр мекардагӣ табдил ёфт. Бо баҳои аъло техникумро хатм кард ва ба ӯ идомаи таҳсилро дар се мактаби бонуфуз тавсия карданд – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ва Институти молия ва қарзи ба номи А. Вознесенскии шаҳри Ленинград.

«Ман Ленинградро интихоб кардам. Агар имрӯз мебуд, шояд чунин интихобро намекардам, аммо он замон дар вуҷудам ҷасорат буд, ҳол он ки дар барои таҳсил як тин ҳам надоштам»,- ба ёд меорад академик Талбак Назаров…

Ҳамин тавр, идомаи зиндагӣ ва таҳсили ӯ дар канори Нева ҷараён мегирад.

Тангдастӣ

Зиндагӣ кардан дар пойтахти илму фарҳанги Русия – Ленинград барои Талбак Назаров маънои зиндагии серу пурро надорад. Зимни таҳсил ӯ бисёр тангдастӣ мекашид. Ҳатто, вақти дар таътил маблағе намеёфт, ки ба Ватан биёяд. «Баъди хатми курси якум дар корхонаи киштисозии Ленинград ба кор даромадам. Ҳамон вақт атомаходи машҳури «Ленин» сохта мешуд. Тамоми тобистон ман ин киштиро, ки шаҳомату шукуҳи флоти СССР ба ҳисоб мерафт, ранг кардам. Солҳои баъдӣ ман ба Қазоқистон рафта, дар заминҳои навкорами дашти қазоқ кор кардам. Аввал таъмиргари техникаҳо будам. Баъдан ронандаи комбайн шуда, фаъолият кардам ва ҳатто барои ин нишони Кумитаи маркази комсомолро ба ман лоиқ донистанд. Соли 2008 бошад, Нурсултон Назарбоев маро бо нишони «50 – солагии азхудкунии заминҳои бекорхобида» шарафёб кард», — ҳаводиси 60 соли пеши ҳаёташро пеши назар оварда мегӯяд академик Талбак Назаров.

Бо вуҷуди тангдастӣ, мушкилӣ дар кору зиндагӣ Талбак Назарови ҷавон аз таҳсил дур намешуд, балки бо баҳои аъло институтро хатм карда, ба Душанбе баргашт…

Илм ва таълим

Солҳои 50 — 60-ум ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ба кадрҳои баландихтисос ниёз доштанд. Омадани Талбак Назаров пас аз хатми Ленинград ба ӯ имконият медод, ки дар дилхоҳ идораи давлатӣ ба кор шурӯъ кунад, аммо ӯ орзуи кӯдакии худро амалӣ намуд. Муаллим шуд. Ӯро ба сифати ассистенти факултети иқтисоди Университети давлатӣ ба кор қабул карданд. Баъди як сол ин ҷавони боҷуръат, русидон ва босавод ноиби декан таъин шуд. Аммо дар қалби ӯ ҳадафи дигаре ғулғула меафканд ва Нева ӯро ба ҷониби худ ҷазб мекард. Бинобар ин ӯ ба Ленинград баргашта, ба аспирантураи институте, ки онро хатм карда буд, ҳуҷҷат супорид ва баъди се сол дар мавзӯи «Даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ва ҷудошавии онҳо байни буҷети умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда,  ба Ватан баргашт.

Баробари омадан ба Душанбе ба номзади илмҳои иқтисодӣ Талбак Назаров декании факултети иқтисодиро супориданд. Аз ин ба баъд ба дӯши Талбаки ҷавон ҳам пешбурди корҳои илмӣ, ҳам педагогӣ ва ҳам роҳбарӣ лозим буд. Лекин ба нафаре, ки дар гармои дашти қазоқ гандум даравидаву комбайн ронда, тору пудаш обутоб ёфтааст, пушти сар кардани ҳама гуна мушкилот ба осонӣ даст медод…

Талбак Назаров каме ба андеша рафта, бо табассуми хоси худ идомаи зиндагии пурҷӯши ҷавониашро чунин ба ёд меорад: «Соли 1972 боз ҳам Нева маро ба соҳилаш ҷазб мекард, ин навбат ба докторантура. Баъди ду сол дар синни 36- солагӣ ман рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Масъалаи молия ва прогрессии техникӣ дар саноат» ҳимоя кардам».

Олими тоҷик Нуриддин Қаюмов мегӯяд, ки баъди ҳимояи рисолаи докторӣ Талбак Назаров таваҷҷуҳи олимони намоёни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва ИҶШС-ро ба худ ҷалб кард. «Пажӯҳишҳои Талбак Назаров дар масоили ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва прогресси илмӣ – техникӣ дар минтақа бисёр ҷолиб ва дар илми иқтисод ҳарфҳои комилан нав буданд», — мегӯяд Н. Қаюмов.

Асарҳои Талбак Назаров дар замони шӯравӣ асарҳои фундаменталии илми иқтисоди Тоҷикистон ва шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд. Рисолаҳои ӯ «Ислоҳоти хоҷагӣ ва маъалаҳои пурсамар гардонидани истеҳсолот» (1971), «Масоили ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар саноат» (1972), «Ҳавасмандгардонии иқтисоди прогреси илмӣ – техникӣ дар саноат» (1974), «Прогресси техникӣ ва самаранокии иқтисодӣ» (1976) ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифта буданд.

Дар баробари фаъолияти босамари илмӣ Талбак Назаров дар тарбияи як зумра олимони соҳаи иқтисод саҳм гирифтааст. Зери роҳбарӣ ва роҳнамоии ӯ чандин нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд…

Баъди ҳимояи рисолаи докторӣ Талбак Назаровро ба вазифаи декани факултети иқтисоди Университети давлатии Тоҷикистон таъин карданд.

Ректор

Талбак Назаров ҳанӯз дар замони деканӣ роҳбари кордон буданашро исбот карда буд. Маҳз дар ҳамин давра ӯро депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб карда буданд…

Соли 1980 Талбак Назаровро ректори бонуфузтарин маркази илмӣ ва омодакунии кадрҳо дар мамлакат – ректори Университети давлатии Тоҷикистон таъин карданд. То ҳол ҳамагон Талбак Назаровро аз муваффақтарин роҳбарони университет арзёбӣ мекунанд. Маҳз дар замони ректории Талбак Назаров чандин корпусҳои нав да маҳаллаи Буни Ҳисорак ба истифода дода шуд ва маҳали маъруфи «ҷазира» бунёд шуд, ки имрӯз «Шаҳраки донишҷӯён» ном дорад.

Илова бар ин маҳз дар ҳамин давра чандин шуъбаҳои нав дар донишгоҳ ифтитоҳ ёфта, теъдоди шӯроҳои диссертатсионӣ зиёд карда шуд. Шумораи ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ, нашри мақолаву монография ва китобу дастурҳои таълимӣ ба маротиб афзуд.

Талбак Назаров барои донишҷӯён низ шароити мусоид фароҳам овард. Дар маҳаллаи 63-юми пойтахт барои донишҷӯён санатория-профилакторияи «Шифо»-ро таъсис дод, ки аз рӯйи имкониятҳо аз дармонгоҳҳои пешрафта мондагӣ надошт. Ҳамчунин,  барои фароғати донишҷӯён дар назди донишгоҳ лагери варзишӣ-тандурустии «Ҷавонӣ» ба фаъолият шурӯъ кард.

Маҳз бо кӯшиши Талбак Назаров дар биноҳои таълимии донишгоҳ чойхонаву нонвойхона ва ошхонаҳо сохта шуданд, то ки донишҷӯён аз ягон чиз танқисӣ накашанд…

Замони ректории Талбак Назаровро имрӯз ҳам устодони калонсоли донишгоҳ ба некӣ ёд мекунанд ва ӯро аз пуркортарин роҳбарон медонанд.

Ақибнишинӣ аз сиёсат

Чӣ тавре ишора шуд, Талбак Назаров шурӯъ аз соли 1980 депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуда буд. Яъне ӯ дар гирдоби сиёсат шиноварӣ мекард. Соли 1988 Талбак Назаровро пурра ба кори сиёсӣ ҷалб карданд. Ӯро вазири маорифи Тоҷикистон таъин намуданд. Дар ин вазифа низ ӯ пурсамар кор кард, нақшаҳои зиёде дошт, аммо ӯро зуд аз ин вазифа гирифта, ҷонишини Совети вазирон ва роҳбари «Госплан» таъин намуданд, аммо дар он давра вазъи сиёсии мамлакат рӯ ба инқироз афтода, кор кардан душвор шуда буд.

«Росташро гӯям, дар чунин вазъият дигар нияти кор кардан дар вазифаҳои роҳбариро надоштам. Бинобар ин қарор додам, ки дар Академияи улум фаъолиятамро идома диҳам, зеро дар он давра ман аллакай унвони академӣ доштам. Ҳамин  тавр ҳам кардам. Маро ба вазифаи ноиби президенти академияи илмҳо интихоб карданд…» — мегӯяд Т. Назаров.

Бозгашт ба сиёсат

Оғози солҳои 90-ум дар сиёсати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ тағйироти куллӣ ба амал омад. Бозсозии горбачёвӣ ба паркандашавии ин империя оварда расонид ва соли 1991 Тоҷикистон низ мустақилияти худро эълон кард. Аммо дере нагузашта кишвар ба доми ҷанги шаҳрвандӣ печид. Нахустпрезидент Қаҳҳор Маҳкамов баъдан Раҳмон Набиев иҷборан ба истеъфо рафтанд, издиҳоми мардум истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд. Вазъ дар ҷумҳурӣ муташанниҷ буд. Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва зимоми ҳукуматро ба даст гирифт. Ва дар ин давра дар ҳаёти Талбак Назарови машғул ба корҳои илмӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад.

Муаррихи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Нуралӣ Давлат дар робита ба ин мегӯяд: «Соли 1994 ба Талбак Назаров пешниҳод карданд, ки роҳбари ситоди Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ ба ӯҳда бигирад. Сипас, дере нагузашта, пас аз интихобот Талбак Назаровро ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин карданд. Ва ин дар ҳаёти Талбак Назарович тағйироти куллӣ буд».

Воқеан, будани Талбак Назарович барин шахсияти шинохта ва бообрӯ дар ҳукумати нав бисёр муҳим буд. Нақши  эшон, махсусан дар устувор кардани пояҳои ҳукумати қонунӣ ва густариш ёфтани сиёсати Президенти нав Эмомалӣ Раҳмон, махсусан сиёсати сулҳсозонаи ӯ бисёр назаррас аст…

Вазири корҳои хориҷӣ

Талбак Назаров дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳамагӣ 28 рӯз фаъолият намуд. Моҳи январи соли 1995 бошад, ӯро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карданд, ки ӯ 12 сол дар ин вазифа пурсамар кор кард. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар кор кардан дар садри Вазорати корҳои хориҷӣ осон набуд. Талбак Назарович мебоист робитаҳои дипломатии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҷаҳон барқарор намояд.

«Ба мо муяссар шуд, ки равобити Тоҷикистонро бо бисёр аз кишварҳои Шарқу Ғарб ба роҳ монем. Он давра барои кишвар ниҳоят душвор буд, зеро дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома меёфт. Гумон мекунам, аз ҳама давраи душвор ҳини вазирии банда музокироти Сулҳи тоҷикон миёни ҳукумати қонунӣ ва мухолифин буд», — мегӯяд собиқ вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров.

Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ин симматро пас аз Талбак Назаров соҳиб шуд, мегӯяд: «Президенти Тоҷикистон дар интихоби Талбак Назаров ба вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон интихоби дақиқ ва бомуваффақият кард. Дар замони роҳбарии Талбак Назарович вазорати мазкур барои таҳким бахшидани мавқеи давлати ҷавони Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон натиҷаи мусбат доданд».

Сулҳсозӣ

Давраи назарраси фаъолияти Талбак Назаров дар майдони сиёсати бузург ин нақши эшон дар музокироти сулҳи тоҷикон мебошад. Соли 1996 Талбак Назаровро роҳбари ҳайати ҳукуматӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон таъин намуданд. Он давра барои Тоҷикистон бисёр давраи ҳассос ва сарнавиштсоз буд. Зеро дар ин солҳо Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд, полковник Маҳмуд Худойбердиев алайҳи ҳукумати қонунӣ ошӯб бардошт, неруҳои оппозитсионӣ пурқудрат мешуданд… Дар ин давра ҳузури Талбак Назаров барин сиёсатмадори покниҳод ва дурандеш дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон роли калон бозид. 

Абдунабӣ Саттозода яке аз чеҳраҳои шинохтаи солҳои 90-ум ва намояндаи неруҳои оппозитсионӣ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон мегӯяд: “Албатта, нисбат ба шахсиятҳои Шукурҷон Зуҳуров, Абдумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар давраҳои гуногун роҳбарии ҳайати ҳукуматиро ба дӯш доштанд, ҳурмату эҳтиром мавҷуд буд ва аз ҷониби онҳо кӯшишҳои зиёд ба кор бурда мешуданд, вале ба таъин шудани Талбак Назаров фазои музокироту мулоқоти ҷонибҳо дигар гашт, эътимоду боварӣ ба ҳамдигар ва ба ояндаи нек зиёд шуд…”.

Худи Талбак Назарович роҳбари худро ба ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот давраи душвор, аммо пурсамари фаъолияти хеш медонад: «Хушбахтона миссияи ман дар ин вазифа бо имзо шудани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 ба итмом расид»…   

Аммо Талбак Назарович ҷуз чанд мусоҳиба хотироти худро доир ба музокироти сулҳ рӯйи қоғаз наовардааст. Номбурда мегӯяд, ки айни замон ба ҷанги шаҳрвандӣ баҳои воқеӣ додан ғайриимкон аст.

 Баъди вазирӣ…

Баъди фаъолияти 12 – сола дар сиёсат Талбак Назарович аз вазифаи вазирӣ ба истеъфо рафт ва айни замон директори Сандуқи хайрияи Президенти Тоҷикистон аст. Талбак Назаров дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар низ  таҳқиқоти илмиро канор нагузошт, балки доираи пажӯҳиши худро аз иқтисод то ба дипломатия ва амният васеъ намуда, асарҳои арзишманд иншо кард. «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ. интегратсия ва ҳамкориҳои минтақавӣ», «Иқтисоди бозаргонӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ», «Тоҷикистон: иқтисод, сиёсат ва ҳамкориҳои байналхалқӣ», «Тоҷикистон: ҳамкориҳои байналхалқӣ ва амният» аз зумараи асарҳои дар солҳои охир таълифкардаи Талбак Назаров аст, ки арзиши баланди илмӣ доранд. Соли 2003 Т. Назаров барандаи Ҷоизаи ба номи Синои Академия улум гардида, айни замон аъзои раёсати Академияи илмҳо аст…

Мошину хона

Талбак Назаров яке аз он шахсиятҳои арсаи сиёсат аст, ки бо фурӯтанӣ ва шикастанафсӣ ҳамагонро ба ҳайрат овардааст. 

«Ман ҳеҷ гоҳ автомашинаи шахсӣ надоштам. Вақте ба нафақа баромадам, Президент ба ман мошин ҳадя кард, ки ташаккур мегӯям, аммо ба ман дар ин синну сол мошин лозим нест. Хонае, ки ман ҳоло истиқомат мекунам, ҳанӯз дар замони ректори УДТ буданам гирифта будам, ки бароям кифоя аст. Бӯстонсаро надорам. Дар солҳои роҳбарӣ боигарӣ ҷамъ накардаам. Аз ҳама маоши калони ман маблағи ҷоизаи Сино буд, ки 2,5 ҳазор долларро ташкил медод. Ман онро барои ташкили синфхонаи компютерӣ дар интернати ноҳияи Рӯдакӣ масраф кардам. Нафақа ва барои унвони академикӣ иловапулӣ мегирам, аз кори ҳозираам маош низ гирифта истодаам. Мақолаҳо менависам ва дар конфронсҳо баромад мекунам, ки гоҳ-гоҳ гонорар ҳам медиҳанд, ки бароям кифоя аст.  Дар синну соли ман маблағи бисёр чӣ лозим? Дар бораи  маблағ ман ҳеҷ гоҳ фикр намекунам…»,- мегӯяд Талбак Назаров.

Ҳамсару фарзандон

 -Ҳамсари ман Татьяна Григоревна Назарова ҳам Университети Ленинградро хатм карда, солҳо дар мақомотҳои молиявӣ кор кардааст. Ду фарзанд дорам. Писарам хатмкунандаи Университети Ленинград ва номзади илм буда, духтарам Ҳанифа биолог аст. Ҳеҷ гоҳ барои фарзандонам дареро накӯфтаам. Онҳо ҳама чизро бо талоши худ ба даст овардаанд…

Хотима

Инсон бе иштибоҳ намешавад, махсусан шахси сиёсатмадор. Ангуштшуморанд мансабдорону сиёсатмадороне, ки пас аз канор рафтан аз сиёсат ё мансаб аз худ ному кори нек боқӣ гузоранд. Талбак Назарович Назаров аз зумраи ҳамин ашхоси ангуштшуморест,  ки номи нек, кору пайкори некаш ангуштнамост…

Одили Нозир,  «Тоҷикистон»

Врез

Талбак Назаров: «Ман ҳеҷ гоҳ автомашинаи шахсӣ надоштам. Вақте ба нафақа баромадам, Президент ба ман мошин ҳадя кард, ки ташаккур мегӯям, аммо ба ман дар ин синну сол мошин лозим нест. Хонае,  ки ман ҳоло истиқомат мекунам, ҳанӯз дар замони ректори УДТ буданам гирифта будам, ки бароям кифоя аст. Бӯстонсаро надорам».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *