Академики тоҷик аз бемории саратон даргузашт

Имрӯз, 21 октябр академик Ҳикмат Муъминов аз бемории саратон, ки дар шаҳри Маскав табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Ҳикмат Муъминов олими физика ва математика буда, чанд сол инҷониб ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ Ҳикмат Муминов: физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ, наномаводҳо.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро аз рӯи ихтисоси “физика” хатм намудааст (с. 1988), доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси “физика”).

Муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот.

Мукофотҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ); медали «20-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 г.).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *