“Акаи хуб” — Муҳаммадато Султонов мавлуд дорад

Муҳаммадато Султонов яке аз беҳтарин нафарон дар вазифаи котиби матбуотӣ аст, ки дар парлумони кишвар муддати тӯлонӣ фаъолият карда истодааст.

Бисёр рӯзноманигорон бо эҳтиром ва меҳрубонӣ аз ӯ “акаи хуб” ном мебаранд. Чун, дар баробари масъулиятшинос будан дар иҷрои вазифаи касбӣ, ҳамзамон инсони меҳрубону самимӣ аст.

Муҳаммадато Султонов 28-уми декабри соли 1961 дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1968 таҳсилро дар мактаб-интернати №1-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз карда, то синфи 8 дар он ҷо таълим гирифтааст. Соли 1976 барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи педадогии ин шаҳр қабул шуда, соли 1980 онро хатм намудааст.

Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба хизмати аскарӣ рафта, солҳои 1981-83 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Чехословакия хизмати ҳарбиро адо кардааст.

Соли 1984 баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М. Ломоносов дохил мешавад ва соли 1989 ин донишгоҳро бо ихтисоси рӯзноманигори байналмилалӣ хатм менамояд.

Фаъолияти кориашро баъд аз хатми донишгоҳ ба ҳайси мухбири шуъбаи ҷамъиятии хабаргузории “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст. Аз соли 1990 то соли 2000 мудири шуъбаи ҷамъиятӣ-сиёсии Маркази иттилоотии “Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли 2000-ум барои кор ба Маҷлиси намояндагон гузашта, то ҳол сухангӯи ин ниҳод мебошад.

Муҳаммадато Султонов муаллифи 3 китоб — “Бозтоби офтоб”, “Абармарди миллат”, “Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва зиёда аз 600 мақола дар матбуот аст.

Соҳиби унвонҳои Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ” соҳиби рутбаи “Мушовири давлатии дараҷаи 1” шудааст.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *