“Акиа” хатсайри нав мекушояд
Бино бар иттилои маркази иттилоотии шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кӯшониён) ба фаъолият оғоз менамояд.
Ин втобусҳо аллакай дар байни мардум шуҳрат доранд, дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамоянд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад», — гута мешавад дар хабар.Тавре мутахассисон иброз медоранд, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ