Ҳакимҷон ҳамсар ва духтари 6-солаашро бо берашмии махсус кушт (Видео)
Телевизиони давлатии Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ аксҳои даҳшатовар аз маҳалли қатли бераҳмонаи як зани 36-сола ва духтари 8-солааш дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро нашр кард. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Ҳакимҷон Солиев завҷаашро аз сари рашк 17 корд зада, сипас духтараш Хуршедро 6 корди дигар задааст.
Мақомоти додситонӣ ва шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, Ҳакимҷон Аҳрорхонович Солиев, соли таваллудаш 1975, сокини кӯчаи ба номи Д.Ҳакимов, ҳавлии рақами сеи ҷамоати Унҷии ин ноҳия ба куштори ду шахс бо бераҳмии махсус, куштори нафари баръало ноболиғе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, ва ҳамчунин ба қасди куштани ҳамсояаш айбдор мешавад.
Ин куштори даҳшатбору модару духтар аз дасти падар шаби 21 декабр рух дод. Он шаби наҳс, соати тахминан 23:30, Ҳакимҷон Солиев бо ҳамсари 36-солааш Омина Ниёзова ҷанҷол бардошта, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани ҳамсараш 17 зарбаи корд задааст. Духтари 8-солаи онҳо Хуршеда Солиева дар он поси шаб садои фарёду фиғони модарашро шунида, бедор шудааст.
Аммо падари бераҳм, ки чашмаш хун гирифта буд, духтарашро низ бо 6 зарбаи корд кушт.
Баъди ин ду куштор бо бераҳмии махсус, меафзояд хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон” Равзалӣ Амон, Ҳакимҷон Солиев аз ҳиссиёти рашк ва хусумати шахсӣ ва ҳамчунин пули қарз ба хонаи ҳамдеҳаи 36-солааш Ҳасанов Ёқубҷон Тоҷибоевич, воқеъ дар кӯчаи Сино, 29А рафта, Ҳасановро аз хоб хезонд ва бо корди пур аз хуне, ки дар даст дошт, як маротиба ба гардани ӯ зад.
Ёқубҷон Ҳасанов ба Солиев муқовимат нишон додааст. Дар айни замон бародар ва писари Ҳасанов низ аз хоб бедор шуда, ба кумаки вай мерасанд ва онҳо якҷоя Ҳакимҷон Солиевро боздошт карда, ба мақомоти милиса хабар додаанд.
Мақомоти милиса баъди расидан ба ҷои ҳодиса Ҳакимҷон Солиевро дастгир ва корди хунолуди дасти ӯро ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.
Ҳоло ба Ҳакимҷон Солиев бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои куштани ду нафар, аз ҷумла кӯдаки баръало ноболиғ, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, ва қасди куштор то 25 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ