Акмал Убайдов дар Тайланд соҳиби медали тилло шуд

Муштзани тоҷик Акмал Убайдов дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд  барандаи нишони тилло шуд.

Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки муштзании тоҷик Акмал Убайдов дар вазни 60 кг, дар қаҳрамони Осиё дар Тайланд соҳиби медали тило шуд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ Акмал Убайдов ба намояндаи Ҷопон Сота Накайама бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акмал Убайдов дар роҳ ба финал варзишгарони Қазоқистон Билбарс Жехен ва намояндаи Украина Айдер Абдураимовро шикаст дод.

Ҳамин тариқ, пас аз 5 сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии Осиё медали тило меорад. Бори охир муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов соли 2019 дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *