Акмалиддин нуқрадор шуд
Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов рӯзи 7 ноябр дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Новий Сади Сербистон дар вазни то 57 кило соҳиби ҷои дуюм ва нишони нуқра шуд.
Акмалиддин Каримов дар марҳалаи ниҳоӣ бо фарқи хеле андак ба сабаби як огоҳие, ки аз довар гирифт, аз рақиби русаш Владимир Гладкий шикаст хӯрд.
Акмалиддин ба ин тартиб, бори чорум барандаи нишонҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ