Акнун Кабириро Интерпол ҳам меҷӯяд

таҳти пайгарди Интерпол — қарор гирифтааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин бора рӯзи 22 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, «мо бо мақомоти Интерпол барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ суҳбат доштем ва ҳоло ӯ аз сӯи пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешавад.» Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи гуноҳи  раҳбари ҳизби мамнӯи ҲНТ суҳбат накард, аммо гуфт, онҳо бо кишварҳое, ки эҳтимол меравад Муҳиддин Кабирӣ аз ҳудудашон убур кунад, низ дар бораи боздошт ва истирдоди ӯ ҳамкорӣ доранд.»Дар маҷмуъ, 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо аъзои гуруҳҳои ифротгарову террористӣ ҳастанд,» — илова кард вазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *