Акнун Каромат Шарифов ба куҷо меравад?
Суди вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ҳукми ихроҷи Каромат Шарипов аз қаламрави Русияро тасдиқ кард. Суди шаҳри Любертси рӯзи 30 ноябр ҳукми ихроҷи Каромат Шариповро содир кард, вале вакили мудофеи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ аз он ҳукм ба суди вилоятӣ шикоят бурд.
Акнун ҳукми ихроҷи Каромат Шарипов ба иҷро медарояд.
Хабарнигорипойгоҳи интернетии «Медиазона” аз толори суди вилояти Маскав хабар дод, ки ин додгоҳ рӯзи 12 декабр ҳукми ихроҷи президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шариповро тасдиқ кард. Ба ин тартиб, ҳукми додгоҳи шаҳри Любертси аз 30 ноябр дар бораи ихроҷи ин раҳбари ҷамъияти тоҷикони Русия аз қаламрави он кишвар ба иҷро медарояд.Аммо ӯ ба куҷо ихроҷ хоҳад шуд? Дар ин бора ҳанӯз ягон иттилоъе дастрас нашудааст
Суди Любертси бар асоси қисми 3.1-и моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани режими будубош дар ин кишвар ба сабаби надоштани асноди тасдиқкунандаи ҳаққи будубошаш қарор кард, ки Каромат Шарипов аз қаламрави Русия берун карда шавад.
Хабарнигори «Медиазона” мегӯяд, худи Каромат Шарипов, ки аз 30 ноябр дар боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ дар шаҳраки Егоревск нигоҳ дошта мешавад, ҳангоми баррасии шикояташ дар додгоҳи вилояти Маскав ҳузур надошт. Додрас дархости адвокати ӯ Александра Медведева дар мавриди ба қафо партофтани мурофиа ба хотири таъмини ҳузури муваккилашро рад кардааст.
Александра Медведева дар додгоҳ гуфтааст, ки Каромат Шарипов баъди хидмат дар сафҳои нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар соли 1999 соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуда, соли 2008, ба сабаби расидан ба синни 45 аз нав шиноснома гирифта буд. Ӯ ҳамчунин гууфтааст, ки фарзандони Каромат Шарипов ҳама шаҳрванди Русияанд ва худи ӯ ба давлати Русия андоз месупурд.
Намояндагони Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷики Русия – ду созмони ҷамъиятие, ки Каромат Шарипов раҳбарӣ мекунад, мӯътақиданд, ки ҳукми ихроҷи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба фаъолияташ дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон бастагӣ дорад.
Каромат Шарипов соли 1959 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, омӯзишгоҳи низомии шаҳри Симферополро хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 80 дар Артиши Шӯравӣ ва дар солҳои 90 дар дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард ва рутбаи майори артиши Русияро дорад. Соли 1995 Каромат Шарипов, вақте ҳанӯз дар дивизияи 201 хидмат мекард, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар куштор дастгир шуда буд, вале ӯро нирӯҳои дивизияи 201 аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ