Акнун тоҷик  “мишен” ҳам шуд

Дар шаҳри Берёзовский кормандони пулис як муҳоҷири тоҷикро нисфи шаб дастгир карда, аз вай «мишень” ё- ҳадафи зинда сохтаанд ва дар баданаш маҳорати тирпарронии худро санҷидаанд.

Вале як тири онҳо хато хӯрда, ба сари ин муҳоҷири бечора расидааст. Дар шаҳри Берёзовский, воқеъ дар канори шаҳри Екатеринбурги Русия ба зидди як афсари мустаъфии пулис бо иттиҳоми берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Нашрияи маҳаллии «Новый День” аз қавли манбааш дар мақомоти интизомӣ хабар дод, ки афсарони пулис як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда, аз вай барои худ «мишень”-и зинда сохтаанд ва дар бадани вай тирпарронӣ аз пистолети травматикиро машқ кардаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 шаби 1 июл ба бемористон муроҷиат кардааст. Ташхиси табибон нишон дод, ки ӯ аз ноҳияи сараш захми тир бардошта, мағзи сараш низ ҷумбидааст. Маъмурияти бемористон бар асоси қонун дар бораи ин ҳодиса ба пулис хабар дод.

Тафтиши пулис маълум кардааст, ки Ш. ном шаҳрванди Тоҷикистонро шаби 1 июл дар истгоҳи Максим Горкий кормандони пулис манъ кардаанд. Сабаби боздошти муҳоҷири тоҷик маълум нест, вале маъмурони пулис қарор кардаанд, ки бо вай каме «дилхушӣ” кунанд.

Онҳо шаҳрванди тоҷикро ба «мишень” ё- ҳадафи зинда табдил дода, маҳорати тирпарронии худ аз пистолети травматикиро дар бадани вай машқ кардаанд. Аммо зоҳиран афсарони пулис дар он поси шаб сархуш будаанд, ки як тири онҳо ба сари муҳоҷири бечора расидааст. Худи онҳо баъдан гуфтаанд, ки думбаи ин марди тоҷикро нишон гирифтан мехостанд, вале тир хато хӯрда, ба сари вай расид.

Кормандони пулис дар натиҷаи тафтиш Б. ном як афсари 37-солаи пулисро, ки маҳз тири ӯ ба сари муҳоҷири тоҷик расид, дастгир карданд. Ба зидди вай ибтидо бар асоси моддаи 116-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми латукӯб парванда кушоданд, вале шӯъбаи тафтишоти шаҳри Берёзовский баъдан айбномаи зидди ин афсарро ба моддаи 285 (берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ иваз кард. Ӯ ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Аммо қазия зоҳиран ҳамчунон печутоби навбанав мегирад. Аз санадҳо чунин бармеояд, ки ин афсари пулис ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ин ҳодиса ба нафақа фиристода шудааст. Аввалан, дар синни 37 ба нафақа рафтани ин афсар суолҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад ва сониян, ин масъала ки агар ӯ алакай ба нафақа рафта буд, дар он поси шаб чигуна метавонист муҳоҷир «шикор” кунад?

Албатта, дар сохторҳои интизомии кишварҳои пасошӯравӣ ин як амри маъмул шудааст, ки корманди бо иттиҳоме дастгиршударо бо ягон таърихи пештар аз кор ҷавоб медиҳанд, то парвандааш ба номи он идора доғи иснод наорад.

Шарҳи расмии пулиси вилояти Свердловск низ гӯё нафақахӯр будани ин афсари муттаҳам ба «шикор”-и муҳоҷиронро зери суол мебарад. Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии ин вилоят бо тасдиқи хабари бадрафтории пулис нисбат ба муҳоҷири тоҷик дар Берёзовский гуфтааст: «Дар ҳоли ҳозир ин корманд аз сафи сохторҳои корҳои дохилӣ ронда шудааст. Нисбат ба раҳбарони вай, сар карда аз фармондеҳи мустақимаш ва рафта то сардори шӯъбаи пулиси Берёзовский санҷиш идома дорад. Дар арфти санҷиш ба раҳбарияти ин шӯъба дар масъалаи корҳои тарбиявӣ бо кормандон баҳои усулӣ дода хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *