Акрамзода дигар вакили парлумон нест

Маҷлсии миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ваколатҳои Рустам Акрамзода, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро дар ин маҷлис пеш аз мӯҳлат қатъ кард.
Нашрияи порлумонии“Садои мардум” хабар дод, ки рӯзи 16-уми апрел Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи қатъи узвияти Акрамзода ҳамчун узви ин маҷлис қарор қабул намуд.
Маҷлиси Миллӣ 33 узв дорад ва аъзои он дар панҷ сол якбор интихоб мешаванд. Аз интихоби Акрамзода ба узвияти ин Маҷлис як сол гузашта буд. Узви ин маҷлис аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва дар сурати содир шудани ҷиноят танҳо пас аз қатъи ваколат нисбат ба ӯ парванда боз мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *