Акс бо кулӯх ё идомаи ҷазои мансабдорон

Сар аз 27 октябр аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки дар он шаш мард дар ҳолати бардоштани кулух болои сарашон сабт шудаанд.

Ин мардҳо онҳое ҳастанд, ки дар ноҳияи Оққурғони Ӯзбекистон дохили ҷӯйбори оби сард аккосӣ шуда буданд.

«Мирзоев (Зойир Мирзоев, ноиб-сарвазири ҳамакнун пешини Ӯзбекистон, идора) ҳамин ки заминро хушк дид, мансабдорони маҳаллиро таҳқир кард. Баъдан вай муовини роҳбари раёсати кишоварзӣ Қосим Бозорбоев, роҳбари шуъбаи заминсозӣ Абдулло Умаров ва дигаронро маҷбур кард, ки кулухҳои заминро болои сарашон бардоранд», — нақл кард як шоҳиди ҳодиса.

Ба гуфтаи ин шоҳид, Мирзоев ҳамчунин дастур дод, ки мансабдоронро дар он ҳолат аксбардорӣ кунанд ва акси онҳоро ба мансабдорони дигари ноҳия фиристанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *