Акси садои ҷанги шаҳрвандӣ дар Қурғонтеппа
Бо гузашти ду даҳсола аз ҷанги шаҳрвандии кишвар, ҳануз ҳам мақомоти вилояти Хатлон барои ҷаъмоварии яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ корҳои оперативиро анҷом медиҳанд.
Аз аввали соли ҷорӣ, 392 яроқи оташнишонии ҷангиро аз ҳудуди ин вилоят мусодира кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31 адад бештар аст. Манбаъи «Тоҷикистон таймс» танҳо гуфт, ки ин яроқҳо аз сокинони вилоят мусодира шудааст, вале аз киҳо ва бо кадом роҳ мусодирашудани яроқу аслиҳаҳоро махфи нигоҳ дошта, афзуд, ки 75 адади ин яроқҳо автомати навъи “Калашников” будааст. Дар миёни яроқҳои мусодирашуда 63 адад туфангча, 31 адад камони карабин, рахмдор 14 адад, суфтамил 156 ва найзакорд 153 адад мебошад. Чан соли пеш мақмоти вилояти Хатлон аз пайдо намудани яроқу аслиҳаҳои ҷангии солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Қурғонтеппа аз зери хок пайдо шуда буданд, гузориш дода буд, вале солҳои ахир аз мусодираи яроқҳои ҷангӣ дар ҳудуди вилоят кам хабарҳо нашр мешуд. Таҳлилгарон мегӯяд, ки минтақаи Қурғонтеппа, ки маркази аввалин даргириҳо дар ҷангӣ шаҳрва
ндии солҳои 1992 ва то поёни ин ҷанги панҷсола аст, ҳануз пайдо кардани яроқу аслиҳаҳои солҳои ҷанги шаҳрванди ба охир нарасидааст. Барои ҷаъмоварӣ ва мусодираи яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҷангӣ дастури Эмомали Раҳмон, президенти кишвар ҳануз моҳи декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супурдани яроқу аслиҳа ва гирифтани лавозимоту техникаи ҳарби аз аҳолӣ “ содир шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ