“Аксикон» ба бозсозӣ ниёз дорад!

Табобатгоҳи “Аксикон” дар ноҳияи Aшт воқеъ аст, ки онро “Шӯркӯл” ҳам мегӯянд. Дар ин ҷо фаслҳои зимистон ва баҳор миёни кӯҳи намак кӯлҳои сунъӣ пайдо шудаанд, ки аз лойқаю намак иборатанд, ки барои табобати бисёр бемориҳо тавсия мешаванд.

Вале ин табобатгоҳ аз мадди назари ҳукумати ноҳияву вилоят ва Вазорати тандурустӣ дар канор мондааст. Онро муддати чанд сол аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ “шахсӣ” мекунанд, аммо обод карда наметавонанд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола дар фасли тобистон ҳазорҳо одамони дардманд ба ин ҷо омада, дар шароити нохубу бад табобат мегиранд.

Беморон бо тани нимурён дар замини шӯразадаи соҳил хоб мекунанд ва лойкашҳо бо каландашон аз сар то по зери лой мегӯронанд. Бемор бояд аз рӯйи гуфтаи табибон муддати 10-12 дақиқа зери он бихобад. Вале вақте аз зери лой мехезад, шароити шустушӯ мавҷуд нест. Инҷо на сарпаноҳе ҳасту на ҷойи нишаста истироҳат кардан.

Ошхонаи табобатгоҳ низ ба талабот ҷавобгӯй нест.

Ҳолати беҳдоштӣ дар ҳудуди “Аксикон” риоя карда намешавад.  Ҳуҷраҳои хоб сенафарию чорнафарӣ буда, ба талабот ҷавобгӯй нестанд. На яхдон доранд, на телевизор ва на ҷойи либоскашӣ.

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки “Аксикон” бозсозӣ карда шавад. Дар сурати бозсозӣ ва ба шароити муосир ҷавобгӯй намудан он ба яке аз беҳтарин дармонгоҳҳои минтақа табдил хоҳад ёфт.

Э. КОМИЛЗОДА,

собиқадори меҳнат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *