Амонатбонк

Аксияи Амонатбонк дар Душанбе (аксҳо)

Бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Корхонаи воҳиди давлатии  «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аксияи тарғиботӣ баргузор кард.

Дар доираи аксия кормандони Амонатбонк ба мизоҷони худ ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни аксия ба шаҳрвандон оид ба фаъолияти Маркази тамоси «Амонатбонк» маълумот пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки барои дарёфти маълумот оид ба хизматрасонии бонкӣ, дучор гардидан бо мушкилӣ, пайдо шудани савол ё дархосту пешниҳод онҳо метавонанд бемамониат ба рақами кӯтоҳи «1885» дар тамос шаванд.

Аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк  ба шаҳрвандон оид ба хизматрасонии бонкӣ, бахусус маҳсулоти қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», низомҳои интиқол, кортҳо ва дигар намуди хизматрасонии бонкӣ варақаҳои  иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *