Аксияи экологӣ дар соҳили рости дарёи Душанбе

Дар доираи сазовор таҷлил намудани Иди миллии 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикороти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе аксияҳои экологӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмати рости дарёи Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардидааст, ки дар он кормандони Маркази савдои “Ашан” АШАН Таджикистан фаъолона ширкат намуда, дар ҷараёни аксия ҳудуди соҳил дар масофаи 135 метри тӯлонӣ тоза гашта, дар ҳаҷми 3,8 м3 партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ ҷамъоварӣ ва бароварда шудаанд.

— Дар ҷараёни ҷамъоварии партовҳо маълум гардид, ки қисмати зиёди партовҳоро партовҳои пластикӣ, махсусан баклашкаҳо ташкил медиҳад. Дар ҷомеаи имрӯза афзоиши партовҳои пластикӣ яке аз мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад, ки таъсири манфии он ба муҳити зист бештар аст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бо инобати пешгирӣ аз партовҳои пластикӣ Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе қуттиҳои турии хурди партовро дар якчанд муассисаи таълимии пойтахт ҷойгир намуда, ба сохторҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе дастур додааст, ки чунин қуттиҳои турии хурди партовро дар муассисаҳо омода ва насб намоянд.

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо мақсади худдорӣ аз борхалтаҳои пластикӣ ва истифодаи бештари халтаҳои коғазин ва латтагин дар ҳамкорӣ бо марказҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонии пойтахт аксияҳои тарғиботи экологиро бештар роҳандозӣ намуда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро зиёдтар ба роҳ монад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *