Актриса Савринисо Сабзалиева даргузашт

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева имрӯз бар асари хурӯҷи бемории қанд дар синни 72 солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Ба иттилои пайвандони марҳум актриса тайи чанд моҳи охир аз бемории дибети қанд ранҷ мекашид ва чанд рӯзи охир ҳолаташ вазнин шуда, аз олам даргузашт. Савринисо Сабзалиева 27 январи соли 1948 дар Хоруғ ба дунё омадааст. Соли 1973

Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кард ва худи ҳамон сол барои иҷрои нақши Нигина дар намоишномаи «Рӯдакӣ»-и Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ даъват шуд. То ин дам Нигинаро ҳунарпешаи маъруф Хайрӣ Назарова иҷро мекард. Нигина ба Саврӣ Сабзалиева шӯҳрат овард ва дере нагузашта ӯ дар филмҳо нақш офарид. Дар филмҳои «Панҷ нафар дар пайроҳа», «Ҳеҷбудагон», «Ман сарҳад», «Зане аз диёри дурр», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Сездаҳ солу се моҳ», «Дар орзуи падар», «Марги бегуноҳ» ва ғайра нақшҳои мондагор офаридааст. Мунаққидони кино нақши Зайнабибии ӯро аз филми «Вохӯрӣ дар дараи марг» шоҳкор унвон мекунанд. Савринисо Сабзалиева сароянда ҳам буд ва дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба кишварҳои хориҷӣ чун сароянда ҳам сафар кардааст. Ёдовар мешавем, ки ӯ аз оилаи фарҳангӣ аст в аду хоҳараш Оят Сабзалиева ва Соро Сабзалиева низ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон ҳастанд. Писараш Самад Мансуров актёри маъруфи кинои рус аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *