Алӣ Банот ҳамаи дороияшро сарфи корҳои хайр намуд ва даргузашт
Соати 60-ҳазордоллара дар дасту мошини 600-ҳазордоллара зери по- ҳамагӣ се сол пеш Алӣ Банот дар Австралия зиндагии беғами як мултимиллионерро дошт. Аммо вақте фаҳмид, ки бемори саратон асту умраш кам мондааст, Алӣ Банот аз баҳри ин ҳама кайфу сафо гузашт ва тамоми дороияшро сарфи корҳои хайрия ва хидмат ба мардум кард. Ҷанозаи Алӣ Банотро рӯзи 30 май дар шаҳри Сиднейи Австралия ба хок супурданд…
Ҳамагӣ се сол пеш Алӣ Банот аслан фикр надошт, ки зиндагии пур аз кайфу сафо ва ғарқи сарваташ рӯзе якбора тағйир хоҳад ёфт.
То тирамоҳи соли 2015 Алӣ Банот як мултимиллионери Австралия буд бо як зиндагии хоси ин тоифаи мардум.
Ӯ ҳама чӣ дошт: даҳҳо соати гаронбаҳо, аз ҷумла як соати Rolex бо нархи 60 ҳазор доллар, ҳам як парки иборат аз даҳҳо мошин, ки танҳо як мошини варзишии Ferrari Spider аз ин шумор 600 ҳазор доллар арзиш дошт…
Дар тирамоҳи соли 2015 табибон ба Алӣ Банот гуфтанд, ки ӯ гирифтори бемории саратон шудааст ва ин беморӣ алакай ба дараҷаи чорум расидаву табобат надорад. Табибон ба Алӣ гуфтанд, ки шояд ҳамагӣ 7 моҳи дигар умр бубинад.
Ин хабар зиндагии Алӣ Банотро комилан дигар кард. Ӯ тамоми мошинҳову соатҳои гаронбаҳо ва тиҷорати худро фурӯхт ва тасмим гирифт, ки боқимонда рӯзҳову соатҳои зиндагиашро сарфи корҳои хайр ва хидмат ба мардум кунад ва ризои мардуму ризои Аллоҳро ба даст биорад.
Моҳи октябри соли 2015 Алӣ Банот созмони хайрияи Muslims Around the World (MATW)-ро таъсис дод ва ҳама сарвати худро ба ҳисоби он гузаронд. Алӣ Банот бо барномаҳои хайрия ба тақрибан 100 кишвари дунё сафар кард, дар саросари қораи Африко даҳҳо маркази кумак ба фақирон сохт, барои 600 ятим хобгоҳе бунёд кард, барои мардуме, ки об надоштанд, аз пули худаш чоҳ меканду медод…
Мухлисони Алӣ Банот мегӯянд, Худованд ин ҳама корҳои хайри ӯро ҳанӯз дар зиндагиаш қадр кард: Банот ба ҷои 7 моҳе, ки табибон барояш дода буданд, 2 солу 7 моҳи дигар зиндагӣ кард, то дасти хайраш ба мардуми мӯҳтоҷ бештар бирасад. Ҳамин тавр, ин ҷавонмарди дастбахайр дар моҳи шарифи Рамазон тарки ин дунёи фонӣ кард, ки ба бовари мухлисонаш, низ як инояти илоҳӣ дар ивази корҳои савоби ӯст.
Ҷанозаи Алӣ Банотро рӯзи 30 май дар шаҳри Сиднейи Австралия ба хок супурданд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ