Ғалабаи «Истиқлол»-у «Хуҷанд» бо ҳисоби калон
Дастаҳои «Истиқлол»-у «Хуҷанд» дар бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон, ки 25 июн доир шуд, дар меҳмонӣ бо ҳисоби калон ғолиб омаданд.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, футболбозони «Истиқлол» Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов дарвозабон А. Старушенкоро маҷбур сохтанд, ки 4 маротиба сари роҳи тӯбро ба дохили дарвозаи дастаи КМВА «Помир» гирифта натавонад. Пирӯзии навбатӣ ба пешсафи чемпионат имкон дод, ки мақоми дастаро дар зинаи аввали мустаҳкамтар намояд. «Истиқлол» бо 30 хол др садри ҷадвал қарор дорад ва аз дастаи ҷойи дуюм «Хуҷанд» 9 хол зиёдтар ва 1 бозӣ камтар дорад.
«Хуҷанд» дар шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими «Вахш» бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Футболбозон Фарҳод Тоҳиров ва Дилшод Бозоров ду голӣ зада, ҳисоби холҳои дастаашонро ба 21 расонданд. Ин имкон дод, ки «Хуҷанд» ҷойи дуюми мусобиқаро бигирад. Футболбозони КМВА «Помир» низ бо ҳамин миқдор имтиёз дар ҷойи сеюм мебошанд.
Даври 13-ум 29 июн бо баргузории вохӯрии «Регар-ТадАЗ» — «Барқчӣ» ба анҷом мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ