Қалъаи Муғ дари худро ба рӯйи саёҳон боз мекунад

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавзеи таърихии Қалъаи Муғ сохтмони амфитеатр бо 5 ҳазору 100 ҷойи нишаст ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ додаанд, барои сазовор ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ Қалъаи Муғ пурра таъмиру тармим гардида, деворҳои даромади арки қалъа бо инъикоси лаҳзаҳои захмӣ гардидани Искандар, давраи ориёӣ, нақше аз Рустам, ободкориҳои ӯ ва аксҳои қаҳрамонҳои шуҷоъ, ки дар набардҳо бо аҷнабиён аз ҷумла мақдуниҳо, туркҳо, муғулҳо мубориза бурдаанд, тасвир ёфтаанд.

Инчунин Қалъаи Муғ чун маркази сайёҳӣ, фарҳангиву фароғатӣ омода шуда, гирду атрофи он бо дарахтони ороишиву сояафкан оро дода мешавад.апро

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *