“Қалъаи тоҷик” дар Макка

 

Дар шаҳри Маккаи Мукаррама маркази фарҳангиву хидматрасонии «Қалъаи Тоҷик” ифтитоҳ ёфт. Ин марказ бо сабки меъмории миллии тоҷикӣ бо истифода аз нақшу нигор ва усули кандакории тоҷикона бунёд шуда, ба сокинони шаҳри Макка ва зоирон аз гӯшаҳои гуногуни дунё таомҳои тоҷикиро пешкаш мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи ин марказ сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Сироҷӣ Қосимӣ низ ширкат варзидааст.

“Қалъаи Тоҷик” бо истифода аз фарҳанги меъмории миллӣ, нақшу нигор ва бо усули кандакории тоҷикона бунёд шуда, то 60 нафар хамватанони точик бо кор таъмин гардидаанд.

«Қалъаи Тоҷик” ба сокинони Макка ва зоироне, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё барои анҷоми фарзи Ҳаҷ ба инҷо меоянд, таомҳову шириниҳои миллии тоҷикиро, ки ошпазҳо ва қаннодони тоҷик таҳия мекунанд, пешниҳод менамояд.

Маркази фарҳангӣ ва хизматрасонии «Қалъаи Тоҷик” тарҳи муштараки соҳибкори тоҷикистонӣ Абдураззоқ Саидов ва соҳибкори саудӣ Риёз Абуҳабша будааст.

Абдураззоқ Саидов аз соҳибкорони бонуфузи зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор мебошад. Ӯ тақрибан ду сол пеш ба сохтани чойхонаи тоҷикӣ дар Макка оғоз карда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *