Ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад

Ҳайати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти сарварии сарвазирони ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва марзиро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи 10 январ ҳайати Ӯзбекистон дар Душанбе таҳти раҳбарии сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар кори ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамчунин таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласаҳо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, Абдулло Ориповро санаи 10 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ҳамзамон пагоҳ сарвазири Ӯзбекистон бо ҳайати Тоҷикистон масъалаи омодагии сафари нахустини расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ба ақидаи коршиносон, таъини сарвазирони кишварҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ба ҳайси роҳбарони Комиссияҳои байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ гувоҳи он аст, ки Душанбе ва Тошканд ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса доранд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябр ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи ҳаллу фасли масоили марзиро таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дод. Ба ҳайати Комиссияи нав 19 нафар, аз ҷумла муовини сарвазир Азим Иброҳим, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезия Раҷаббой Аҳмадзода, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов шомил гардиданд.

Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон кори панҷ сол пеш қатъгардидаро дар мавриди ин масъала барқарор мекунанд.

Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ — 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) — 105 километр аст. То ҳанӯз 84%-и хати сарҳад байни кишварҳо мувофиқа шудааст.

Бознашр  «Азия-Плюс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *