Ҷаласаи аввалини Ҳукумат дар соли нав
Рӯзи 24 январ дар Душанбе нахустин маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017, баргузор шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ин нишаст таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор доир шуд ва дар он масоили мухталиф, аз ҷумла раванди иҷрои қонунҳо «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат масъулони шаҳрдории Душанбе муваззаф шудаанд, сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолиро баланд бардоранд ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ба меъёр мутобиқ созанд. Ҳамчунин аз масъулони шаҳрдории пойтахт тақозо шудааст, ки вазъи санитариро дар шаҳр беҳтар намоянд.
Манбаъ мегӯяд, ки аъзои ҳукумат баъди баррасӣ лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ” ва дар бораи лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба парлумон фиристодаанд.
Барои баррасӣ ба парлумон ҳамчунин хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва хулосаи ҳукумат ба лоиҳаи қонун “Дар бораи туризми дохилӣ” пешниҳод шудааст. Дар маҷлиси ҳукумат раисони шаҳри Турсунзода ва шаҳраки Обиикии ноҳияи Хуросон дар бораи «Генплан»-и шаҳри Турсунзода ва шаҳраки Обикиик, гузориш додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ