Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир расид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, имруз ба кори худ хотима дод.
Натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда аҳамияти калони рушди муносибатҳои дуҷонибаро баръало нишон доданд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша бо талошҳои зиёд баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои таърихии дӯстонае, ки бар дастгирии мутақобилаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаки бародарона асос ёфтаанд, фарқ мекунанд.
Ҳар ду ҷониб оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории пурсамар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ ва рушди муколамаҳои фарҳангии байни миллатҳо нақшаҳои бузург доранд.
Ҷаласаи Комиссия дар фазои созанда, рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд. Дар чаҳорҷӯбаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин хусусиятҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши гардиши тиҷорату иқтисод муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, самтҳои марбут ба ҳалли ин ва дигар масъалаҳоро муайян намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *