Ҷаласаи муштараки ҶСК «Тоҷик Эйр»
Душанбе, 12 январи 2017 с. – Имрӯз дар толори дафтари ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» бо ташаббуси прокуротураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки кормандони ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2016 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», КВД ҶСК «Тоҷикаэронавигатсия» ва намояндагони Раёсати кадрҳои прокуротураи генералии Тоҷикистон иштирок варзиданд.
«Ҳамаи мо шоҳиди заҳмату талошҳои беандозаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ва таъмини рушду нумӯи соҳаву сохторҳои давлатии малакат ҳастем.
Дар Паёми Президенти мамлакат қайд карда шудааст, ки дар зарфи 25 сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Навтарин дастоварди халқи тоҷик оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқии обии Роғун мебошад. Имсол аз ҷониби созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар хулосаи мусбати ташхисӣ оид ба лоиҳаи НБО – и Роғун пешниҳод гашт. Баъд аз се сол Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Ин маънои амалӣ гаштанӣ як ҳадафи стратегии миллӣ мебошад ва муждаи умедворкунанда барои тамоми халқи Тоҷикистон дар ин Паём буд», — қайд намуд муовини 1-уми директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», Мавлонов И.С.
Инчунин дар рафти ҷаласа дар бораи ҷанбаҳои муҳим, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҳалли масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсонӣ гуфта шуда буд.
Бахши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паём мавқеи хос дошт. Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз ҳама падидаҳои некро дар дипломатияи байналхалқи қабул медорад. Ин сиёсати пешгирифтаро Пешвои миллат дар Паём «дастоварди бузурги давлати миллии мо» номид.
Ин ҳама далели он аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи устувори худро соҳиб аст.
«Кормандони «Тоҷик Эйр» бобати иҷрои қонуну қарорҳо ва Паёми навини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истифодаи ҳамаи шароиту имкониятҳо садоқатмандона фаъолият намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои рушди иқтисодиёт ва пешрафти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд.
Вазифаҳои асосие, ки дар назди коллективи меҳнатии мо истодааст, ин харидории ҳавопаймоҳои калонҳаҷм тариқи лизинг, дарёфти роҳҳои самарабахши таъмиру хизматрасонии техникӣ ва таъмини коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, тақвияти бехатарӣ ва ноил шудан ба мунтазамии парвозҳо, ворид намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот, зиёд кардани хатсайрҳо ва кам кардани қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ.
Итминони комил дорам бо такя ба таҷриба ва малакаву дониши мутахассисони Ҷамъият ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои тарҳрезикардаамонро амалӣ месозем», — шарҳ дод Икром Саидкалонович.
Маълумотнома: Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаолияташро бо мақсади интиқоли мусофирон, бору боғоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим ва иттилои ошкор иборат аст. Фарохии масоҳати парвоз, таъмини амният, эҳтимодият ва ҳузуру ҳаловат вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошад. Имрӯз дар ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазақистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ ва вилояти Суғд ба Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ