Ҷаласаи навбатии парлумон

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Лоиҳаи Қонуни зикршуда ҷиҳати иҷрои бандҳои 35 ва 65 нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2030, бо мақсади такмили механизми эъломиясозии даромадҳо ва молу мулки шахсони мансабдори давлатӣ, довталабони мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ва мушаххас намудани вазифаи хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунро мавриди омўзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмўъ ба инобат гирифта шуданд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» баррасӣ гардид. Санади мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода муарифи намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм” бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав бо ибораи мафҳуми «молик – бенефитсиар» иловакарда шуда, дар робита ба ин моддаи 20 таҳрир карда шуда ба он қисмҳои 13 – 15 илова гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *