Ҷаласаи ҳукумат пас аз як рӯзи Паём
Ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон 23-уми декабр, як рӯз баъд аз ироаи паёми Президент ба парлумон дар назар аст.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки барои аввалин бор дар моҳи декабр баргузор мегардад, натиҷаҳои кори яксолаи ҳукумат ва нақшаҳо барои соли оянда баррасӣ мешаванд.
Тибқи анъана дар пайи ҷаласаи солона Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат тағйироти кадрӣ амалӣ мекард.
Як рӯз қабл аз ҷаласаи ҳукумат, 22-юми декабр, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар паёми солона ироа кунад, ки дуюмин паём дар соли равон хоҳад буд.
Паёми ахири солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон 20-уми январи соли равон ироа шуда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳояш ба парлумон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, ҳадафҳои асосии солонаро дар назди ҳукумат ва парлумон ироа мекунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ