Александр Буйнов аз муҳоҷири тоҷик минатдораст

Саги гумшудаи маро муҳоҷири тоҷике бо номи Акбар пайдо кардааст мегӯяд, овозхони маъруфи рус Александр Буйнов.
Чуноне рӯзи панҷуми сентябр,ин ҳунарманди дар саҳифаи расмии “Инстаграм”-аш навишааст, саги 15-солаамро,ки ҳангоми сайругашти шабона аз дасти хизматгор гурехтааст: “Дар зери борон то соати 2-и шаб кофтам. Ноумед ба як қаҳвахона сар задам ва ҷавоне гуфт шумораи телефонатро бидеҳ. Дар сурати пайдо кардан занг мезанам”.

Буйнов менависад, соати 4:30 ба ӯ занг задаанд: “Зоҳиран саги шумо пайдо шуд. Монанди сарбоз аз рахти хоб ҷаҳидам. Расидам. Ҷавони тоҷик сагамро дар курткааш печондааст. Мегӯяд, сармо хурдааст. Офарин ҷавони тоҷик”.

Александр Буйнов бо минатдории зиёд аз Акбар навиштааст: “Ӯ саги маро барои пул накофт ва гирифтан ҳам нахост. Акбар, яъне бузург. Ташаккур! Тоҷикон ҳамин гунаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *