Александр Чеферин президенти 62-юми УЕФА интихоб шуд
Александр Чеферин президенти нави УЕФА – Иттиҳоди анҷуманҳои футболи Аврупо интихоб шуд.
Александр Чеферин раиси Анҷумани футболи Словения буда, тахассуси аслиаш ҳуқуқшинос мебошад. Ӯдар ин вазифа ба ҷои Мишел Платинӣ омад, ки вай дар пайи моҷароҳои марбут ба фасод соли гузашта аз ширкат дар ҳама гуна фаъолиятҳои Иттиҳод маҳрум карда шуда буд.
Ба тарафдории Чеферини дар овоздиҳии рӯзи 14 сентябр 42 нафар ва барои рақиби ӯ Майкл Ван Прааг аз Ҳолланд 29 нафар овоз доданд.
Чеферин гуфт, ки интихоби ӯ як ифтихор ва ҳам масъулияти ҷиддӣ аст. Вай мекӯшад, ки ба ин боварӣ сазовор бошад.
А.Чеферини 48-сола то соли 2019 раҳбарии УЕФА-ро ба пеш мебарад. Ӯ президенти 62-юми ин ниҳоди масъули футболи Аврупо маҳсуб меёбад.
Таҳияи Э. Назаров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ