Александр Емелианенко: Ман агар нанӯшам истироҳат карда наметавонам

Размкори рус дар риштаи муҳорибаҳои омехта Александр Емелианенко иқрор шудааст, ки агар шароб нанӯшад истироҳат карда наметавонад.

Емелианенко дар посух ба саволи хабарнигорони “Спорт.ру” дар хусуси он ки варзишгар набояд маводҳи спирти истифода барад чунин посух гуфтааст:

“Шароб нӯшидан ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад. Шахсан ман то шароб нанӯшам истироҳат карда наметавонам. Шумо худ тасаввур кунед, ки шабу рӯз кор мекунед ва барои неру гирифтан бояд майнаатон каме истироҳат кунад, ба ҳамин хотир шароб нӯшидану истироҳат карданҳам зарур аст. Онҳое, ки мегӯянд варзишгар набояд шароб нӯшад сафсаттае беш нест”

Александр Емельяненко бародари нобиғаи MMA Фёдор Емельяненко буда дар вазни вазнини MMA  баромад мекунад. Александр дар кариераи варзишиаш 37 маротиба ба майдон баромада дар 30 набард ғолиб омада 7 маротиба бошад дучори шикаст гардидааст.

Бояд гуфт, ки муборизаи навбатӣ Емелианенко рӯзи 3 апрел дар Маскав дар мусобиқаи  “ASA 107” бар зидди Магомед Исмоилов баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *