Александр Лукашенко: Вақте ба Душанбе меоям, гӯё ба хонаам омадаам

Сафари Президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11 ва 12-уми октябр сурат гирифт, аз чанд ҷиҳат муҳим ва хотирмон буд. Пеш аз ҳама, ӯ ин навбат ҳам дар дидору мулоқот бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле самимӣ буд ва нисбат ба Тоҷикистон бо муҳаббат ҳарф зад.

Аз ҷумла, Александр Лукашенко гуфт: «Вақте ки ба Душанбе меоям, гӯё ба хонаам омадаам». Ҳатто дар рӯзи аввали сафари расмӣ, ки тавре дар наворҳо дида мешавад, Александр Лукашенко дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ ба омода кардани оши палов машғул шуд.

Аз истиқболи расмӣ то рушди тиҷорат

Президенти Белорус Александр Лукашенкоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Баъдан, дар Қасри миллат меҳмони олиқадрро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  истиқбол кард. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Белорус сурат гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни музокироти хосаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарони давлатҳо пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок карда шуда, Гуруҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.

Барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани куҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, дар самти кишоварзӣ ва таъминоти логистика, ки дорои захираҳои калон мебошад, зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо барои зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба бозори Белорус, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Белорус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Белорус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Аз фарҳангу маориф то вазъи минтақа

Зимни музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҳамчунин ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ карданд.

Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афғонистон ҳамкории самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар тақозои замон номида шуд.

10 санади нави ҳамкорӣ

Дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар шаҳри Душанбе санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

— Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск барои солҳои 2023-2024;

Ба ин санад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Минск Владимир Кухарёв имзо гузоштанд.

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Белорус дар самти мубориза бо коррупсия;

— Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус барои солҳои 2022-2026;

— Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;

— Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Белорус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;

— Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Ҷумҳурии Белорус;

— Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус.

Ҳамчунин, Александр Лукашенко дар ҳошияи сафараш ба Тоҷикистон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода дидору мулоқот дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *