Александр Лукашенко вориди Душанбе шуд (аудио)

Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Беларус Александр Лукашенкоро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои «Ховар», дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, инчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар назар аст.

Интизор меравад, ки сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамгироии сармоягузориро баррасӣ намоянд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонидани якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки  мулоқоти Александр Лукашенко бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар назар аст.

Дар ҷараёни ин сафар дар Душанбе бо ширкати соҳибкорони ду кишвар ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор мешавад, ки дар он молу маҳсулоти Беларус ба намоиш гузошта мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *