Алексей Гончаруки 35-сола сарвазири Украина шуд
Порлумони Украина номзадии Алексей Гончаруки 35-соларо ба мақоми сарвазирии ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора «Интерфакс-Украина» хабар дод. Гончарук ҷавонтарин раиси ҳукумат дар таърихи Украина аст.
Номзадии ӯро ба мақоми сарвазирӣ президенти Украина Владимир Зеленский ва ҷиноҳи ҳокими «Ходими мардум» пешниҳод карда буданд. «Ходими мардум» ҷиноҳи аксарият дар порлумон буда, вазифаи эътилофи ҳокимро иҷро мекунад.
Гончаруки ҳуқуқшинос то ин дам раиси дафтари президент буд. Ӯ аз соли 2015 созмони таҳлилии вокуниши созанда BRDO-ро раҳбарӣ мекунад. BRDO созмони ғайридавлатиест, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад ва дар робита ба содагардонии назорати давлатӣ дар бахши иқтисод пешниҳодҳоеро ироа мекунад. Гончарук ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳукумати ояндаи Украина ислоҳот бо ҳадафи дастёбӣ ба рушди иқтисод ва мубориза бо коррупсия аст.
Порлумони Украина дар ин ҷаласа ҳамчунин раиси худро интихоб кард. Раҳбари Ҳизби «Ходими мардум» Дмитрий Разумков раиси порлумон, Руслан Стефанчук (аз «Ходими мардум») ва Алена Кондратюк (аз ҷиноҳи мухолифи «Баткившина») муовинони ӯ таъйин шуданд.
Президенти Украина низ дар ҷаласаи порлумон суханронӣ карда, гуфт, мардуми кишвараш аз вакилони нав интизориҳои зиёд доранд. Агар ин интизориҳо бароварда нашаванд, президент омодааст, онро як сол пас пароканда эълом кунад.
Дар шаҳри Киев 29 август нахустин ҷаласаи порлумони нави Украина баргузор шуд. 424 вакил савганд ёд карданд. Дар интихоботи нави порлумонии Украина ҳизби Зеленский 43%-и овозҳоро касб кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ