“Алибаба” хоҳишманди ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии олимпист
Умаралӣ Сафар, сухангӯйи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ки 22-24 майи соли равон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Ҳамбастагии олимпӣ дар ҳошияи барномаҳои олимпӣ барои соли 2020 семинари олимпӣ оид ба маркетинг баргузор шуд.
Ҳамзамон, ширкаткунандагон бо имкониятҳои хадамоти шарики тиҷоратии нав «Алибаба», ки қароргоҳи асосиаш дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст, ошноӣ пайдо карданд. Хизматрасониҳои асосии ширкати мазкур ба муштариён виртуалӣ пешниҳод гашта, арзиши бозори тиҷоратиаш ба 121 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Ин ширкати маъруфи чинӣ тасмим гирифтааст, ки бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ