Алиев: “Мо онҳоро мисли саг меронем!”

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев тариқи телевизиони маҳаллӣ гуфт, ки дар муноқиша дар Қарабоғи Кӯҳӣ ин як иғво ва таҳқир дар ҳар қадам нисбати озариҳо буд, оё онҳо ба ин тоқат хоҳанд кард?

“Мо нишон додем, ки кӣ кист! Мо онҳоро мисли саг меронем!» — изҳор дошт ӯ навбатӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сарбозони Озарбойҷон парчами кишвари худро дар заминҳои забтшуда баланд мекунанд, постгоҳҳои душманро забт мекунанд, танкҳои ӯро меронанд. Алиев изҳори итминон кард, ки Озарбойҷон рисолати худро иҷро мекунад.

Алиев ҳафтаи гузашта гуфт, ки низоъ дар Қарабоғ ҳалли низомӣ дорад. Вай ёдовар шуд, ки дар тӯли 28 соли музокирот роҳи ҳалли сиёсии вазъ пайдо нашудааст ва омодагии Озарбойҷонро барои мустақилона таъмин намудани иҷрои қатъномаҳои байналмилалӣ изҳор дошт.”Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин корро карда натавонад, мо хоҳем кард”-гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *