“Алиф Бонк” Тоҷикистони исломӣ мехоҳад?

Бо корти “Алиф Бонк” харидани асбоби мусиқӣ, нота, пардохти мактабҳои мусиқӣ, рақс, марказҳои дилхушӣ, клубҳо, суғурта манъ аст.

“Алиф Бонк”, яке аз бонкҳои маъруфи Тоҷикистон эълон кард, ки истифодаи кортҳояшро барои пардохти бархе хидматрасониҳои мухолифи меъёрҳои Шариати Ислом, аз ҷумла барои харидани машрубот манъ мекунад. Ин тағйиротро роҳбарияти бонк “гузаштан ба низоми бонкдории исломӣ” арзёбӣ кардааст.

“Алиф” исломӣ мешавад!

“Бар асоси усулу қоидаҳои шариат дар кортҳо пардохти маблағҳо барои бархе молҳо ва хидматрасониҳо маҳдуд карда мешаванд: муассисаҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, барҳо, пабҳо, мағозаҳои молҳои динӣ, хадамоти шиносоӣ ва эскорт, мағозаҳои асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо, толорҳо ва студияву мактабҳои рақс, суғурта, андеррайтинг ва дигар молҳое, ки шариат манъ кардааст”,- таъкид шудааст дар изҳороти “Алиф Бонк”.

Ин дар ҳолест, ки ин бонк ба сокинон қарзҳояшро то ҳол ҳамчунон тибқи бонкдории аврупоӣ, яъне бо фоиз медиҳад. Он ҳам дар ҳоле, ки фоиз ё рибо як усули комилан мухолифи низоми бонкдории исломист.

Шабакаи телевизионии “Настоящее Время” дар гузоришаш мегӯяд, “Алиф Бонк” дар Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани низом ва технологияҳои пешрафтаи бонкдорӣ ном баровардаанд, вале ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар мавриди харидани маҳсулоте, ки тибқи шариат мамнуъ мебошад, барои бисёриҳо амре ногаҳонӣ шуд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо барояшон чандон хушоянд нест. “Чӣ лозим аст корт, агар бо он дар мағозаҳо чизе харида натавонӣ?”, “Агар дар корт пул бошад, беҳтар аст, то ба худи мардум имкон бидиҳанд, ки ба куҷо харҷ кардани пулашонро худашон ҳал кунанд”, “Одам бояд чизеро, ки дилаш мехоҳад, бихарад. Маҳдуд кардан амри дурусте нест”, “Ин мисли “Толибон” шуд-ку. Онҳо ҳам ҳама чизро маҳдуд мекунанд. Ман зидди инам”, “Толибон кофта нагардед, мана “Алиф Бонк” ба низоми Толибон гузашт”,- навиштаанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Роҳбарони “Алиф Бонк” ба хабарнигори “Тоҷикистон” гуфтанд, ки ин масъаларо рӯзҳои наздик шарҳ хоҳанд дод.

“Алиф” яке аз комёбтарин стартапҳо дар арсаи бизнеси Тоҷикистон дониста мешавад. Ин муассисаи молиявӣ соли 2014 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ ва бо ҳамагӣ 3 коргар ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ин бонк дар Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 800 нафар кор мекунанд.

Соли гузашта нашрияи “Fintech finance news” арзиши “Алиф Бонк”-ро дар бозор 100 миллион доллар баровард карда буд.

Орзуи бонки исломӣ

Нафароне низ ҳастанд, ки низоми бонкдории исломиро хуш истиқбол мекунанд. Санавбар Пирова, сокини 45-солаи шаҳри Турсунзода чанд сол боз орзу дорад, ки барои фарзандаш хона харад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, пули кофӣ надорад ва наметавонад аз бонк ҳам қарз бигирад.

— Аз як тараф эътиқоди диниам иҷоза намедод, ки дар рибо даст дошта бошам. Аз тарафи дигар, баҳраи қарзӣ хеле боло аст, зӯрам намерасад. Ҳоло мехоҳам аз бонки исломӣ бе баҳра қарз бигирам ва хона харам. Намедонам то куҷо ҳақиқат аст ва кори моро осон мекунад,- мегӯяд ӯ.

Мавзӯи роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистони дунявӣ беш аз даҳ сол аст, ки идома дорад. Соли 2010 “Тоҷиксодиротбонк” низ эълон карда буд, ки ба низоми исломии бонкдорӣ мегузарад, вале муфлис шуд.

Меҳрубон Бурҳонов, коршиноси масоили бонкӣ мегӯяд, ки гузаштан ба низоми исломии бонкдорӣ эътимоди мардумро ба бонкҳо бештар мекунад: “Тибқи Қонуни асосӣ Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст, вале беш аз 90 дарсади аҳолӣ пайрави дини исломанд. Як сабаби камтар ҷалб шудани пасандозҳои мардум ба бонкҳо маҳз бовари мардум мебошад. Бисёре аз сокинон ба якдигар қарз медиҳанд, аммо аз додану гирифтани баҳра худдорӣ мекунанд».

Ба фарқ аз бонкҳои маъмулӣ, ҳиссаи даромади бонки исломӣ ва муштарӣ бар асоси шартномаи имзошуда муқаррар мешавад. Барои мисол, агар муштарӣ бо бонки исломӣ шартномаи 70 бар 30 имзо кунад, пас, 70 дарсади фоида барои муштарӣ ва 30 дарсади он ба бонк мегузарад. Аммо дар як вақт агар муштарӣ аз қарзи гирифтааш зарар бинад, 70 дарсади он бар уҳдаи худаш ва 30 дарсадаш бар уҳдаи бонк мешавад.

Яъне, дар бонкдории исломӣ ҳам фоида ва ҳам зарар байни бонк ва муштарӣ тақсим мешавад. Дар низоми бонкдории маъмулӣ бонк дар зарари муштарӣ шарик нест ва ҳатто дар сурати муфлис шуданаш ҳам фоизи худро мерӯёнад.

Дар Тоҷикистон то ба имрӯз ҳамагӣ як бонки исломӣ фаъолият дорад. Нахустин бонки исломии Тоҷикистон «Тавҳидбонк» санаи 16-уми сентябри соли 2019 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозаи фаъолият дарёфт кард, вале фаъолияти онро коршиносон назаррас арзёбӣ намекунанд. Бонки нахустини исломӣ дар Тоҷикистон дар заминаи «Соҳибкорбонк» таъсис ёфта буд.   

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *