Алигархҳои рус ва Алишер Усмонов ҳадафи таҳримҳои ояндаи Амрико

Вазорати молияи Амрико рӯйхати сиёсатмадорон ва олигархҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путинро тартиб дод, ки ҳадафи таҳримҳои ояндаи Иёлоти Муттаҳида хоҳанд буд. Ба истилоҳ, «Гузориши Кремлин», 114 мақому сиёсатмадор ва 96 олигархро дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ин афрод бо истифода аз наздикӣ бо Путин пулу сарват ва қудратро соҳиб шудаанд. Ин феҳристро ғайрирасмӣ «Рӯйхати Путин» ҳам ном мебаранд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 30-юми январ навишт, ба ин феҳрист миллионер Алишер Усмонов, Роман Абромович, Сулаймон Каримов ва Евгений Касперский, муассиси барномаи Kaspersky Lab, низ шомиланд.

«Гузориши Кремлин» рӯзи 29-уми январ ба Конгресс ироа шуда буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи душанбе гуфт, ки ба бовари ӯ эълони рӯйхати афроди сарватманди наздик ба Путин, талоши Вашингтон барои дахолат ба умури интихоботи президентии моҳи март дар Русия аст.

Алишер Усманов вошел в «кремлевский список» США

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *