“Алик-малик”-чиён ҷазои маъмурӣ гирифтанд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгир шудану ҳабси ду нафар хабар дод, ки онҳоро бо иттиҳоми машғул будан ба кирдори ғайриқонунӣ, маъруф ба «алик-малик» гунаҳкор мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати санҷиши муроҷиати як сокини пойтахт оид ба фаъолияти ғайриқонунии чунин афрод дар назди маркази савдои “Садбарг” кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа 2 нафар аъзои як гуруҳи қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ин кирдори ғайриқонунӣ даст зада, ба бозии «алик-малик» машғул будаанд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Онҳо Ёқубов Муҳаммадзоир Файзуллоевич, соли таваллудаш 27.05.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ ва Мусоев Манучеҳр Гурезович, соли таваллудаш 13.12.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати кор нисбати номбурдагон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *