Алимардонов ва Пирзода беҳтар намудани идоракунии бонкҳоро меомӯзанд
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ семинари амалӣ дар мавзӯи «Нақши пешбарандаи Шӯрои нозирон дар низоми идоракунии корпоративии бонкҳо» доир намуд.
Тавре ки аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи семинари мазкур, ки 28-29 марти соли 2017 доир гардид, дар он Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳои низомсози кишвар ҳузур доштанд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода сухан карда, ба иштирокдорон дар таҳлил ва омӯзиши роҳҳои беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти бонкҳо ва нақши Шӯрои нозирон кори самарабахш таманно намуд.
Барандаи кори семинари амалӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз зарурати ислоҳот дар самти барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва масъалаҳои вобаста ба идоракунии корпоративӣ изҳори назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани семинари амалӣ бо иштироки маҳз Раисони Раёсат ва роҳбарони Шӯрои нозирони бонкҳо баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Шӯрои нозирон дар бонкҳо, дар ҳамкории Шӯро ва Раёсат ба роҳ мондани идорасозии бонкҳо, аз ҷумла дар самти татбиқи стратегияи умумии идоракунии хавфҳо ва сиёсати идоракунии онҳо, қабули қарорҳои муҳим ва ҳамаҷониба таҳлилшуда, пурзӯр намудани назорати бонкӣ бо беҳтар кардани идоракунии корпоративӣ маҳсуб меёбад.
Иштирокдорони семинари амалӣ дар доираи машғулиятҳои гурӯҳӣ имкони баррасии масъалаҳое, ки Шӯрои нозирон дар рафти иҷрои вазифаҳои худ дар самти муайян намудани стратегия ва татбиқи вазифаҳои назоратӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти баамаломада бархӯрдор мешаванд, пайдо карданд.
Инчунин дар рафти машғулият самтҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯрои нозирон бо роҳи дақиқ муайян намудани салоҳият ва масъулияти Шӯрои нозирон ва Раёсат, аз ҷумла ташкили дурусти ҷаласа ва доир намудани баҳодиҳии ҳамасола баррасӣ карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ