Ҳалимаву Мадинаро аз фоҳишахонаи Истамбул гурезонданд

Фаъолони Туркия, ИМА ва Русия ду духтарро, ки аз вилоятҳои Хоразм ва Фарғонаи Узбакистон буданд, аз асорати як зани далла раҳо карданд. Гуфта мешавад, ки зани узбактабор дар хориҷа чанд фоҳишахона таъсис дода, духтарони ҷавонро бо ваъдаи кори парасторӣ ба Истамбул бурдааст.

Ҳалима Ҳайитбоеваи 25-сола аз шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбакистон рӯзи 5 июл, ба корфармои пешинаш дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки ӯро барои танфурӯшӣ ба Истамбул овардаанд. Баъди нашри мавод дар бораи ин зан дар расонаҳо, фаъолон аз кишварҳои гуногун тасмим гирифтанд, ки Ҳалимаро аз асорати шаҳвонӣ раҳо кунанд.

Ҳалимаро рӯзи 8 июл як ҷавон аз вилояти Хоразм, ки дар яке аз ширкатҳои Туркия кор мекард, аз асорати ин зани далла раҳо кард. «Ҳайитбоева ҳамроҳи як духтари дигар бо либоси хонагӣ фирор карданд. Онҳо ҳоло дар ҷои амн қарор доранд. Ин духтарон мехоҳанд, барои дарёфти кӯмак ба консулгарии Узбакистон дар Истамбул муроҷиат кунанд», — мегӯяд он ҷавон.

Ба гуфтаи фаъоли дигар, ки дар наҷоти Ҳалима ширкат дошт, ҳамроҳи ӯ як духтари дигар бо номи Мадина низ аз фоҳишахона фирор кард.

Фаъолон мегӯянд, ки Мадина низ мисли Ҳалима бо фиреб ба Истамбул рафтааст. Баробари расиданаш ба Туркия, даллаҳо ӯро ба маблағи 4 ҳазор доллар қарздор эълон карданд. Ӯ дар тӯли 20 рӯз ба 15-20 «муштарӣ» хизмат расонида, 3 ҳазор доллари қарзашро баргардонидааст.»

Дар занҷири муҳоҷирати кории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба хориҷ занҳо ҳалқаи аз ҳама заиф арзёбӣ мешаванд. Онҳо дар баъзе маврид ба доми даллаҳо меафтанд ва қурбони қочоқбарони инсон мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *