Алимент
фарзандбезорон аз пардохташ саркашӣ мекунанд
Дар нишастҳои матбуотии Вазорати адлия, Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марбутаи давлатию ташкилоти байналмилалӣ ва сомонаҳои иҷтимоии мустақар дар кишвар муроҷиати бонувон доир ба мушкилоти алиментрӯёнӣ аз шавҳарони гуреза ё тарки оилакарда торафт меафзояд.
«Кӯдакон ба ту туҳфа!»
Онҳо – духтару ҷавони хешу таборро апаву хоҳар маҷбуран хонадор карданд.
— Духтарам, дар хонаи холаат шоҳона зиндагӣ карда, аз ҳеҷ чиз камӣ намебинӣ, розӣ шав! – мегуфт боисрор модар, ки сари фарзандашро бо писари хоҳараш ҷуфт кунонда, қудо шудан мехост.
— Очаҷон, мо ҳамдигарро ҳамчун хеш ҳурмат мекунем, вале дӯст намедорем, — эътироз мекард духтар. – Пешвои миллатамон дар баромаду паёмҳояшон ва вохӯрию мулоқотҳояшон мудом таъкид менамоянд, ки никоҳи хешутаборӣ мумкин нест, оқибаташ хуб нест. Ин майлашу мо ба ҳам агар меҳру муҳаббат мепарваридем, майлаш буд. Дар ин бобат ҳатто боре даҳон накушодаем, шумою холаам бошад, инро фаҳмидан намехоҳед. Биёед, ба бахти мо зомин нашавед, ҷон очаҷон!
— Ту маро шарманда карданӣ — чӣ, ҳафтафаҳм! Тамом, маслиҳат шудагӣ ду моҳ пас тӯятонро дар ресторан бодабдаба мегузаронему ба шумо бахт мехоҳем! Фарзанддор, ки шудед, ишқ баъд пайдо мешавад. Сарама гаранг накун!
Айнан ҳамин гуфтугузору ҳамин вазъият бо писархола борҳо ба миён омад, вале модараш пофишорӣ мекард. Хуллас, апаву хохар «шавад ҳамин, нашавад ҳам ҳамин» — гӯён сари ду ҷавонхешро сарфи назар аз эътирозҳояшон ҷуфт карданд. Бадбахтона, ситораи хешбачаҳо аз рӯзи аввал рост наомаду зиндагии оилавиашон дилсардона ва бо ҳамдигарнофаҳмиҳо оғоз шуд. Илова бар ин, маълум шуд, ки ҳар ду ба рӯзгори заношӯйӣ омода нестанд.
Ба гуфти аҷдодон «агар ёр аҳл бошад, зиндагӣ саҳл мешавад». Дар се соли ҳамзистии маҷбурӣ холабачаҳо сарфи назар аз ҷанҷолу хархаша ва бурда, моҳҳо дар хонаи падару модараш мондани духтар, волиди ду тифлдухтари дилҷӯ шуданд. Дар ин байн шавҳар борҳо калимаҳои хунуки «талоқ»-ро ба забон овард.
-Ман ба хотири очаму холаам ва зораю таваллои бобову бибиам туро тоқат карда гаштам, – таъна мезад шавҳари кӯрдил духтархолаашро.- Ба ту ҷавоб! Зани дилхоҳамро мегирам. Рав, ин ду тифл бароят туҳфа!
— Мурда-мурда алимент медиҳӣ. Фаҳмидӣ?!
— Маро бо суду судбозӣ натарсон! Ман мардам! Миллион доллар алимент медиҳам!…
Чор моҳ аст, ки модари ҷавон бо ду тифли маъсумаш дар хонаи падар ба сар мебарад, вале аз шавҳари «марди миллионераш» 1 дирам барои фарзандон нарасидааст.
«На кӯдаконашро мепурсад, на занг мезанад»
Тибқи иттилои созмонҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон танҳо дар ду моҳи охир барои дарёфти кумак 200 модари танҳо муроҷиат кардаанд. Надоштани никоҳи расмӣ, надонистани қонун ва дар муҳоҷирати корӣ будани шавҳарони собиқ аз мушкили асосии ин гурӯҳи занон аст, ки наметавонанд ба осонӣ барои фарзандони худ кумакпулии қонунии онҳоро рӯёнанд.
Яке аз онҳо Рухсораи 27-сола, сокини шаҳри Сарбанд зуд-зуд ба созмонҳои иҷтимоӣ барои дарёфти кумак дар гирифтани алимент ё кумакпулии падари фарзандонаш муроҷиат мекунад. Ду сол пеш шавҳари муҳоҷираш ӯро бо ду фарзанди ноболиғ талоқ дод ва ин зан ба хонаи падар баргашт. Ин зан мегӯяд, ки барои нигоҳубини ду фарзандаш торафт маблағи зиёд хароҷот кардан бештар мешавад.
-Чанд ҷо рафта, муроҷиат кардам, ки дар зиндагӣ барои кӯдаконам ягон чизе шавад. Алҳол хонашин ҳастам, дар хонаи падар бародаронам кумак мекунанд. Вале падари фарзандонам на кӯдаконашро мепурсаду на занг мезанад, — мегӯяд Рухсора.
Танҳо ба як созмони иҷтмоии «Дилафрӯз» дар шаҳри Қӯрғонтеппа соли ҷорӣ 90 зани талоқдида муроҷиат ва барои таҳияи санадҳо ва ситонидани алимент аз шавҳарони собиқашон мадад хостаанд. Вале дар аксар ҳолатҳо мушкили бисёри занҳо – надоштани талоқи расмӣ ҳалли осони қонунии ин масъаларо мушкил ҳал гардондааст. Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари ин созмони иҷтимоӣ мегӯяд, аксари ин занҳо воқеан ҳам беҳуқуқанд ва дар баробари надоштани талоқи расмӣ, дар бораи будубоши шавҳаронашон ҳам иттилои дуруст надоранд – на суроғаи дақиқи онҳоро медонанду на макони зиндагии онҳоро.
Мардон баҳона меҷӯянд
Райҳона Ҳақбердиева мефзояд, ки дар бисёр ҳолатҳо шавҳарон макони худро ба хотири фирор аз пардохти алимент, махсусан пинҳон медоранд: «Вақте ки зан муроҷиат мекунад, никоҳи мазҳабӣ надорад, яъне талоқ гирифтааст, вале онҳо хатти ақди никоҳи расмӣ надоранд, ба мушкилӣ дучор мешаванд».
Вале айни замон, мардоне, ки занҳояшонро талоқ додаанд, баҳонаҳо пеш меоранд, ки ҷойи кори доимӣ надоранд ё маошашон ночиз аст, ки алименти фарзандонро пардохт кунанд. Шавҳари ҷавони дар боло мисоловардаамон аз зумраи онҳост. Ӯ таъмиргари мошин аст ва барои напардохтани алимент зуд-зуд корашро иваз карда, бехабар ба кишвари Русия мардикорӣ рафта меояд,
Мирхоҷаи 33-сола, сокини ноҳияи Вахш яке аз онҳост. Вай 5 соли пеш ҳамсарашро талоқ дода, бо қарори додгоҳ муваззаф шудааст, ки барои ду фарзандаш алимент супорад. Вай мегӯяд, ки «Барои ду нафар 200-сомонӣ алимент медиҳам, боз аз ҳамсари дигарам фарзанд дорам. Пул додан барои фарзанди худ кори баде нест, лек ман шароит надорам, як халта орд 160 сомонӣ аст, намедонам, ки чӣ кор кунам, дар ҳоле ки пул надорам.»
Дар моддаи 81 ва 83-и Кодекси оилаи ҷумхурӣ омадааст, ки дар сурати доштани ақди никоҳи қонунӣ падар дар сурати тарки оила муваззаф аст, ки ба фарзандонаш алимент диҳад.
— Тибқи қонун нафаре, ки ҷойи кори доимӣ ё сарчашмаи даромад дошта бошад, барои як кӯдак 25 дарсад, барои ду кӯдак 33 дарсад ва барои се ё зиёда аз он бояд 50 дар сади маошашро пардохт кунад, — мегӯяд ҳуқуқшинос Ислом Юсупов. — Агар ҷои кор надошта бошад, аз рӯи муқаррароти додгоҳ муайянкарда маблағ пардохт мекунад. Мисол, нафароне, ки дар муҳоҷират ҳастанд, ҷои кори доимӣ надоранд ва наметавонад, ки сари вақт алимент диҳанд.
Тибқи қонун дар сурати ҳалномаи додгоҳ, ки падар вазифадор аст алимент диҳад, вале бо сабабҳои узрнок се моҳ онро пардохта наметавонад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маҳкум шудан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол, пардохти ҷарима ва ҷалб ба корҳои ҳатмӣ кашида мешавад.
Дар ҳоле ки шумораи талоқҳо дар хонаводаҳо меафзояд (1688 ҳолат дар соли 2016 ва 348 ҳолат дар соли 2017), ҷомеашиносон мегӯянд, аксари мушкилот дар набудани фарҳанги оиладорӣ ва талош барои бунёди оилаи солиму хушбахт аст. Дар натиҷа, на танҳо занон, балки фарзандон азият мешаванд, чун дар муҳити бепадарӣ, дар ба дари хонаи хешовандон дар ҳақириву дастнигарӣ бузург мешаванд.
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ