Ҳалимзода мушовири “Амонатбонк” шуд
Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба ҳайати мушовараи “Амонатбонк” ворид карда шудаст.
Абдураҳмон Ҳалимзода дар ҳайати мушовараи “Амонатбонк” Одил Ҷабборзодаро иваз намуд. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳайати мушовараи Вазорати адлия тағйирот ворид карда, Низомӣ Мақсуд Асомиддин ва Одиназода Бегиҷон Ҷаҳондоршоро аъзои нави он таъин кардааст: “Умарова Равшаной Алиевна, Раҳмонов Умедҷон Хайриддинович, Холиқзода Ҷонибек ва Каримова Муҳаббат аз ҳайати мушовараи Вазорати адлия хориҷ шудаанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ