Алишер-домулло аз мақом барканор шуд

Шермурод Тоғай, имоми масҷиди «Тинҷлик»-и шаҳри Тошканд, ки бо лақаби Алишер-домулло маъруф буд, ҳафтаи гузашта аз мақомаш барканор шуд. Ӯ баъди мавзеъгириҳои баҳсбарангезаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шуд.

Як корманди Идораи мусалмонони Ӯзбекистон мегӯяд, Шермурод Тоғай ба хотири «мавзеъгириҳои тундаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ва «нифоқ андохтан миёни намозгузорони масҷидаш» аз мақом барканор шуд.

Муфтии Ӯзбекистон Усмонхон Алимов баъди хулосаи вазорати адлияи кишвараш Шермурод Тоғайро барканор кардааст. Дар ҳоли ҳозир Саидакбар Довудов дар масҷиди «Тинҷлик» имом таъин гардид.

Шермурод Тоғай моҳир марти соли ҷорӣ роҳбарияти Идораи мусалмонони Ӯзбекистонро дар ҳангомаҷӯӣ ва порахӯрӣ айбдор карда буд.

Вай ҳамчунин рӯзи 2 март фаъолияти Кумитаи умури дини назди ҳукумати Ӯзбекистонро танқид кард. Он замон Шермурод Тоғай истеъфои роҳбари Идораи мусалмононро талаб карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *