Ализода парванди Зайд Саидро таҳқиқ мекунад
Зариф Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ гуфт, ки талаби СММ дар мавриди озод кардани соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидовро таҳқиқ ва бозбинӣ мекунад.
“Аммо — гуфт, Ализода, — ҳоло ҳуҷҷати расмии СММ ба мо нарасидааст ва танҳо тариқи ВАО мо аз он огоҳ шудем. Дар сурати муроҷиати расмии СММ мо мутобиқи меъёрҳои муқараргардида онро бозбинӣ хоҳем кард”
Ҳамчунин, Ализода дар иртиботи суоли хабарнигорон гуфт, ки парвандаи Зайд Саидов сиёсӣ набуда ӯ бо ҷурмҳои иқтисодӣ ва таҷовус ба номус айбдор ва зиндонӣ шудааст.
Мавриди таъкид аст, ки чанд рӯз пеш СММ пас аз барассии парвандаи Зайд Саидов аз Тоҷикистон талаб кард, ки ӯ озод карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ