Алла Пугачёва Манижаро шахсият ва сурудашро ба «Евровидения» лоиқ хонд
Сарояндаи маъруфи Русия Алла Пугачёва ба суруди Russian Woman («Русская женщина»)-ро, ки сарояндаи тоҷиктабори Русия Манижа Сангин (Manizha) дар «Евровидение» в 2021 ширкат мекунад, баҳогузорӣ кард.
Андешаи Примадонна дар YouTube-шоуи «Музыкалити» садо дод.
«Аввал ин ки вай (Манижа) шахсият аст… ва сурудаш лоиқ ба «Евровидения», – гуфт, сароянда.
Ҳамчунин, Алла Пугачёва зикр кард, ки Манижа ба ӯ ҳамчун сароянда писанд аст.
Озмуни «Евровидение» аз 18 то 22 май дар майдони Ahoy-и Роттердам бо ширкати 41 кишвар баргузор мешавад. Русияро дар ин озмун сарояндаи тоҷиктабор Манижа муаррифӣ мекунад. Суруди ӯ “Зани рус” дар ҷомеаи Русия сарусадои зиёд ба бор овард. Теъдоде аз сарояндагону сиёсатмадорон муқобили ширкати ӯ дар ин озмун ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ