Алмосбек Отамбоев: Занҳо бигзор дар сар мӯза пӯшанд, аммо натарконанд
Президенти Қирғизистон имрӯз зимни мулоқот бо журналистон дар Чолпонта гуфт, ки дин бояд аз давлат ҷудо бошад ва набояд гузошт, ки мазҳаб ба умури давлат дахолат кунад.Отамбоев афзуд: «кишварҳое, ки ба ин чиз роҳ доданд, бебандубор шуданд».
Ҳамчунин Отамбоев ба рӯҳониёни мамлакаташ ҳушдор дод, ки шунидааст, баъзе аз рӯҳониён ва раҳбарони мазҳабӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ пардохта ин ё он ҳизби сиёсиро таблиғу дастгирӣ мекунанд ва инро маҳкум кард.
«Дарди сахттарини ҷаҳони имрӯз терроризм аст ва аз ин хотир ҳеҷ кас ё давлате ҳақ надорад ба Қирғизистон мазҳаб, либос ва тафаккури бегонаро бор кунад.» — афзуд раисҷумҳур.
Ҳамчунин ӯ афзуд: — «Аз солҳои 1950-ум занон дар Қирғизистон мини-юбка мепӯшанд, вале ҳеҷ кадомаш то ҳол тасмаи маргталабро набаста ва касеро натаркондааст. Беҳтараш бо мини-юбка гарданду касеро натарконанд. Бигзор мӯзаро дар сарашон пӯшида гарданду одамонро натарконанд. Ин дин не, ин худо медонад чӣ аст.»
Ба ақидаи коршиносон дар Қирғизистон, мисли дигар мамолики Осиёи Миёна ақидаҳои исломӣ рӯ ба густариш овардааст ва яке аз нишонаҳои он – сару либоси мазҳабии баъзе занон мебошад. Таваҷҷӯҳи занон ба пӯшидаи ҳиҷобу рӯсарӣ дар ҷомеаи Қирғизистон, ки худро меросбари фарҳанги Манасу Шаманизм ё рӯҳпарастӣ муаррифӣ мекунанд, суннатгароҳоро дар ташвиш гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ