Ало, Прокурори генералӣ? (Аз бойгонии «Тоҷикистон»)

Савол:

-Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”?

-Бале.

-Бо кӣ гап мезанам?

-Бо Прокурори генералӣ.

-(Хомӯшӣ)

-Агар савол дошта бошед, марҳамат.

-(Баъд аз лаҳзае) Агар саволамро диҳам, ба ман қасд намекунанд?

-Шумо  дар ҳимояи қонун ҳастед, бемалол савол додан гиред.

-Бародарам Солиев Фаридунро моҳи феврал органҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт намуданд. Охири моҳи март ба ҳабс гирифтанд. Дар вақти даъват кардан ҳамеша  барои  пурсиш ҳозир мешуд. Ягон вақт қасди гурехтан ҳам накардааст. Парвандаи ӯ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Магар дар чунин ҳолат  ба ҳабс гирифтани шаҳрванд  шарт аст?

Саидҷон СОЛИЕВ,

шаҳри Хуҷанд

Ҷавоб:

-Мувофиқи қонунгузорӣ агар  нисбати шаҳрванд  шубҳае дар содир намудани  ягон ҷиноят  ба миён ояд,  кормандони   милиса ё прокуратура ӯро барои  бозпурсӣ  даъват мекунанд. Дар ҳолате, ки ҷинояти содирнамуда, барои   минбаъд  дар озодӣ будани  гумонбар ва кори тафтишот халал ворид насозад, ӯ метавонад то ба охир расидани тафтишот  бо додани  забонхат  оид ба тағйир надодани манзили зист  дар озодӣ бошад.  Дар ҳолати ғайр  нисбати ӯ чораи  ҳабси пешакӣ  амалӣ карда мешавад. Албатта, мо  ин  қазияро  мавриди баррасӣ қарор медиҳем  ва  минбаъд  аз натиҷааш шуморо огоҳ мекунем.

Савол:

-Баъди вафоти шавҳарам  2 сол пеш  маро хусуру хушдоманам аз хона ронданд. Ду хона, 1 даҳлез  ва 8 сотих замин ба номи шавҳарам буд.  Ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор ариза навиштам. То ҳол даву тозам бенатиҷа аст. Ба куҷо раваму чӣ кор кунам?

Ҷамила  ҚУРБОНОВА,

ноҳияи Ҳисор

Ҷавоб:

-Қабл аз  хама ваҷҳҳои аризаи Шумо ва моҳияти он тафсилот мехоҳанд. Хоҳишмандам, нусхаи даъвоятонро бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Прокуратураи генералӣ ирсол намоед. Дар сурати ҷой доштани камбудӣ ё бепарвоӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Ҳисор мо чораҳои иловагии пешгирикунанда хоҳем андешид.

Савол:

-Ин ҷо “Тоҷикистон”?  Мумкин аст, бо Прокурори генералӣ ҳамсуҳбат шавем?

-Шумо аллакай ҳамсӯҳбати ӯ ҳастед.

-Муҳтарам Прокурор, дар рафти мурофиаи судӣ бегуноҳии ман исбот шуд,  аммо  прокурори ҳамонвақтаи  шаҳри Табошар  Хабирова  мехоҳад аз сари нав  ба ман ягон тӯҳмате часпонда, гунаҳгор кунад. Магар чунин  шахси ниқорталаб метавонад дар вазифаи масъул кор кунад ва ё  аз Пӯлод Муҳаммадҷонов  барин шахсе, ки беш аз 15  парвандаи ҷиноятӣ дорад, пуштибонӣ кунад?

Бахтиёр  САЛМОНОВ,

шаҳри Табошар

Ҷавоб:

-Муҳтарам  Салмонов! Хабирова зиёда аз 1 сол боз  прокурори Табошар нест ва он ҷо  прокурори нав фаъолият дорад. Се кори ҷиноятӣ аз зери  таъсири Хабирова бароварда,  ба Прокуратураи вилояти Суғд супорида шуда буд.  Феълан ӯ имконияти дахолат намудан ба рафти  тафтишотро надорад ва шумо  метавонед дар ин масъала  бехавотир бошед.

Савол:

-Ҷаноби Прокурори Генералӣ, шумо дар як мусоҳибаи матбуотиятон изҳор намуда будед, ки раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ  Раҳматулло Зойиров  оид ба он гуфтаҳои худ, ки   дар Тоҷикистон  гӯё зиёда аз 1000 нафар маҳбуси сиёсӣ ҳаст, бояд асос биёрад. Оё ин гуфтаҳо амалӣ шуданд?

Наргис ҲАМРОБОЕВА

Оҷонсии иттилоотии

“Азия-Плюс”

Ҷавоб:

— Дар вақтҳои наздиктарин  Р.Зойиров бо рӯйхати  худ, ки дар он «маҳбусони сиёсӣ» номнавис шуда бошанд,  ба Прокуратураи Генералӣ даъват карда хоҳад шуд. Бояд бигӯям, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар давлатҳо низ   мафҳуми “маҳбуси сиёсӣ”  вуҷуд надорад. Мо мехостем фаҳмем, ки Зойиров таҳти ин унвон  киҳоро дар назар дорад. Дар сурати тасдиқи худро наёфтан Зойиров дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Савол:

— Маро ҳамчун рӯзноманигори оянда  густариш ёфтани  коррупсия  дар ҷомеа  сахт ба ташвиш овардааст. Наход роҳи пещгирӣ кардани он  вуҷуд надошта бошад?

Сафармоҳ  БЕРДИЕВА,

рӯзноманигор

аз ноҳияи Ваҳдат

Ҷавоб:

-Ин андешаҳо моро ҳам бетараф нагузоштаанд. Аммо   дар решакансозии ин мараз муборизаи аҳли ҷомеа зарур аст. Воқеан ҳам коррупсия ҳамчун амали нангин  ба  ҳадди кам ё зиёд дар ҳамаи кишварҳо мавҷуд аст. Ватани мо  низ аз ин чиз  холӣ нест. Имрӯз, ки мо аъзои комилҳуқуқи Шабакаи зиддикоррупсионӣ мебошем ва Прокурори Генералӣ ҳамчун танзимгари миллии ин шабака дар Тоҷикистон аст, гумон мекунам,   мо ба решаи  он  табар хоҳем зад.  Таври маълум, мо дар ин ҷода қонуни  нав қабул кардем ва минбаъд  якҷоя бо дигар сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ алайҳи ин падидаи зишт мубориза хоҳем бурд.  Дар ин кор  ба мо  ёрии  шумо-рӯзноманигорон ва бевосита худи шаҳрвандон  зарур аст.

Савол:

-Муҳтарам  Бобохон Каримович, ман бо шумо  сӯҳбат мекунам?

-Бале, ин ман ҳастам.

-Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки  ҳар сол даҳҳо нафар  кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ва низомӣ  бо  айбҳои гуногун  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо  дар байни онҳо прокурорҳо қариб нестанд. Магар прокурорҳо  «моҳи беайбанд»?

Субҳон ҶАББОРОВ,

ш.Душанбе

Ҷавоб:

-Албатта, содир намудани ҷиноят қариб дар ҳамаи  сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ дида мешавад. Аммо мо аз рӯзи аввали фаъолият  бо кадрҳои худ кор мебарем. Сабаби дигари дар Прокуратура кам будани қонуншиканӣ  дар он аст, ки дар ҳолати пайдо шудани  каме  шубҳа нисбати корманди худ  ӯро зери назорат мегирем ва дар ҳолатҳои зарурӣ  муҳокима мекунем. Яъне боз мегӯям, ки бо кадрҳо кор кардан лозим аст. Вобаста ба порахӯрӣ ва ҷинояткории баъзе судяҳо  ҳаминро мегӯям, ки онҳо   таҷрибаи корӣ надоранд ва фарз кардем, аз котибии  суд  ба ин  мансаб расидаанд.

Савол:

-Дар ин рӯзҳо  мақомоти вилояти Суғд се нафар корманди раёсати мубориза алайҳи  ҷиноятҳои муташаккилонаро бо ҷурми куштори як нафар  узви Раёсати ҲНИТ бо номи Саъдулло Марупов боздошт намудаанд. Нисбати онҳо айб эълон шудааст?

ГРУДНЕВА,

хабарнигори  ИТАР-ТАСС

Ҷавоб:

-Дар ҳақиқат аз ҷониби  нафарони боздоштшуда  Cаъдулло Марупов бе  асоси кофӣ ба   шуъбаи корҳои дохилӣ оварда шуда,  минбаъд ӯ тибқи тафтишоти пешакӣ дар он ҷо  аз ошёнаи  3-юм  ба замин афтода, ҳалок гардид.  Ҳоло нисбати ин шахсон  айби мушаххас эълон нагардидааст. Мувофиқи қонун  дар  ин даҳ рӯзи наздиктарин  прокуратура баъди тафтиш  ба хулосаи муайян хоҳад омад.

Савол:

-Чаро шумораи судяҳое, ки қонуншиканӣ ва ришвахурӣ мекунанд, сол ба сол меафзояд? Ба фикри шумо сабаби ин дар бесаводӣ аст ё онҳо зотан тамаъҷӯй мебошанд?

Ҳусейн НИЁЗОВ,

 корафтода

Ҷавоб:

-Сараввал бояд қайд кард, ки миқдори корҳои ҷиноятӣ нишондиҳандаи паҳншавии ҷиноятҳо дар ин ё он соҳа набуда, балки нишондиҳандаи самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди ошкоркунии чу нин ҷиноятҳо мебошад.

Дар ин иртибот дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ошкоркунии ҷиноятхое, ки аз ҷониби кормандони суд содир мешаванд, беҳтар гардидааст. Сабабҳои содиршавии чунин ҷиноятҳо аз ҷониби судяҳо зиёданд, аммо даст задан ба чунин ҷиноят на аз рӯи бесаводӣ, балки дар натиҷаи муносибати бевиҷдонона нисбат ба вазифаҳои хизматии худ ва сӯиистифода аз ваколатҳое, ки қонунгузории ҷумҳурӣ ба онҳо дода шудааст, рух медиҳанд.

Савол:

-Мӯҳтарам, прокурор! Пулҳои мо сӯхтанду касе ҷавоб намегӯяд…

-Кадом пулҳо? Кай?

-Ҷамшед Сиёев аз ҷониби мақомоти судӣ маҳкум карда шуд. Боре ҳатто собиқ Раиси Суди Олӣ  Фатҳуллоев дар  як мусоҳибааш изҳор намуда буд, ки ҷабрдидагони найранги ӯ маблағашонро пас мегиранд, Қонун дар  ин бора чӣ мегӯяд?

Сафия ТОҲИРОВА,

мкр 64, ш.Душанбе

Ҷавоб:

-Амволи бо роҳи ҷинояткорона ба дастовардаи Сияев  мусодира гардидааст. Аз сабаби он, ки Сияев Ҷ.Б. ба маблағҳои аз ҷабрдидагон ба даст овардааш амволи гуногун харидааст, бинобар ин танҳо пас аз ба фурӯш баровардани  ин амвол маблағҳои пулии  аз фурӯш ба даст овардашуда ба ҷабрдидагон баргардонида мешавад ва ин фаъолият аз ҷониби мақомоти судӣ амалӣ мегардад.

Савол:

-Салом, муҳтарам Бобохонов! Ман шуморо ҳамчун шахси одил ва оқил мешиносам. Аммо ба назари ман дар органҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан прокуратура намояндагони асосан як минтақа фаъолият доранд, ки на ҳамаашон  ба дараҷаи кофӣ саводнок ҳастанд. Вале, аксар вақт ҳуҷҷатҳои бачаҳои босавод солҳо дар ин ниҳодҳо беҳаракат мехобанд, ки ин хилофи гуфтаҳо ва талаби Ҷаноби Олист. Ин падида кай роҳи ҳалли худро меёбад?

Ҳоҷӣ АЗИЗХӯҶА,

ш.Душанбе

Ҷавоб:

-Нуқтаи назари шумо дар хусуси  сиёсати кадрии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷобаҷогузории онҳо дар пешрафти мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ  куллан нодуруст аст.

 

«ТОҶИКИСТОН»  2006 №20-21

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *