Ҳалокати 14 маллоҳи рус дар баҳри Баренс
Дар натиҷаи оташ гирифтани як дастгоҳи зериобӣ (истгоҳи зериобии ҳастаӣ) дар баҳри Баренс 14 маллоҳи Русия, аз ҷумла 7 капитан ва 2 қаҳрамони ин кишвар ҷон бохтанд.
Дар натиҷаи оташ гирифтани як дастгоҳи зериобӣ (истгоҳи зериобии ҳастаӣ) дар баҳри Баренс 14 маллоҳи Русия, аз ҷумла 7 капитан ва 2 қаҳрамони ин кишвар ҷон бохтанд.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу 2 июл дар мулоқот бо президент Владимир Путин хабар дод.
Ҳодиса 1 июл рух додааст. Афсарон дар ҳудуди обҳои Русия дар дохили дастгоҳе буданд, ки барои омӯзиши қаъри баҳр «ба манфиати ин кишвар» пешбинӣ шуда буд. «Дастгоҳи илмӣ-пажӯҳишӣ ҳангоми анҷом додани корҳои нақшавӣ дар ҳудуди обҳои Русия дар баҳри Баренс оташ гирифт. Дар натиҷаи сӯхтор 14 маллоҳ ҷон бохтанд», — хабар дод Шойгу.
Расонаҳои Русия бо истинод ба манобеи худ хабар доданд, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ сар задааст. Дар Вазорати дифои Русия гуфтанд, ки «оташ дар натиҷаи амалҳои фидокоронаи гуруҳ хомӯш карда шудааст». Дастгоҳи мазкур дар ҳоли ҳозир дар пойгоҳи низомии Североморск қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ