Ҳалокати 15 мусофир дар натиҷаи чаппа шудани автобус
Бар асари чаппа шудани автобус бо 42 муҳоҷир дар Туркия, 15 мусофир ҷони худро аз даст дода, 27 тани дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.
Бар асари чаппа шудани автобус бо 42 муҳоҷир дар Туркия, 15 мусофир ҷони худро аз даст дода, 27 тани дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.
Тавре шабакаи телевизионии NTV хабар медиҳад, садамаи автобус дар музофоти Ван дар қисми ҷанубии Туркия рух додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, автобус аз меъёр зиёд мусофир гирифта, бо сабабҳои то ҳол номаълум ба канори роҳ баромадаст, ки дар натиҷа чаппа шудаст.
Ҳамчунин, дар байни ҳалокшудагон кӯдакон низ қарор доранд.
Бояд зикр намуд, ки музофоти Ван дар назди марз бо Афғонистон ҷойгир буда, тариқи ин минтақа бисёртар муҳоҷирони афғон ба Туркия ворид мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар қисмати шарқи Туркия, моҳи марти соли гузашта низ як садамаи автобус, ба қайд гирифта шуда буд. Он замон низ савори автобус, муҳоҷирон аз Афғонистон, Покистон ва Эрон буданд.
Дар натиҷаи бархӯрдани автобус ба симчӯби канори роҳ 17 мусофири дохили автобус ба ҳалокат расида, 36 нафари дигар сахт ҷароҳат бардошта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ