Ҳалокати 3 тан дар роҳи Данғара ва 1нафар дар ноҳияи Б. Ғафуров аз садамаҳои нақлиётӣ

Дар давоми 2 рўз аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар 5 кас ба ҳалокат рисиданд. Аз ҷумла 17 июли соли равон   ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифии ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Дэу-Лассети» таҳти идораи марди 33-солаи сокини ш.Душанбе бархӯрдааст.

 Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷаи чунин бархӯрд ронандани мошини тамғаи «Дэу-Лассети» ва мусофири мошини мазкур марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ як нафар мусофири мошини тамғаи «Опел-Вектра», марди 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 18 июли соли равон  бошад ронандаи мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс», ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Боғпарвари ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, писарбачаи 13-солаи сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Дар ин рӯз ронандаи мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс 350», ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара дар километри 45-уми ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 150-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошини зикргардида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири он зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе айни замон дар беморхона қарор дорад.

 17 июли соли равон  ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Конибодом-Хуҷанд» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар ин садамаи нохуши нақлиётӣ пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 Ҳамчунин 18 июл ронандаи  мошини  тамғаи  «Опел-Вектра», ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри мазкур, ки мошини номбурда ба амакаш, марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, ҳангоми  ҳаракат кардан бо кӯчаи С.Абдуазизов, ҷамоати деҳоти Х.Усмони шаҳри Бӯстон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори ҳавлии истиқоматӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур ноболиғи 8-сола сокини шаҳри Бӯстон, хонандаи синфи 3-юми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *